Теҳрон: Амволи Занҷониро бо фоидаву зарараш бармегардонем
Мақомоти Эрон мегӯянд, амволи Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшударо дар Тоҷикистон шиносоӣ карда, барои бозпас бурдани он лағви таҳримҳо аз сӯи Ғарбро интизоранд.
Ҳусайн Деҳдаштӣ, масъули Кумитаи пайгирикунандаи парвандаи Занҷонӣ дар ин бора ба аъзои Маҷлиси Эрон хабар додааст. Ӯ гуфтааст, миқдоре аз сармояҳои ин миллиардери боздоштшудаи эрониро дар Тоҷикистон шиносоӣ карда, мадорики лозимиро ба мақомоти додгоҳии кишварашон ирсол кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, амволи Бобак Занҷонӣ дар пайи як пайгирии ғайрирасмии намояндагонашон дар қаламрави Тоҷикистон шиносоӣ шудааст: “Афроде, ки ба таври ғайрирасмӣ парвандаи ин тоҷирро пайгирӣ карданд, баъд аз сафар ба Тоҷикистон фаҳмиданд, ки дар ин кишвар як қатор сармояҳои ӯ вуҷуд дорад. Тамоми талоши нафарони пайгирикунандаи ин парванда ин аст, ки ҳар чи зудтар авмоли Занҷонию афроди дигари мансуб ба ӯро ба Эрон бозпас оранд”.
Деҳдаштӣ таъкид кардааст, ки дар сурати эълон шудани тавофуқи ниҳоии ҳастаи Эрон бо Ғарб ва лағв шудани таҳримҳо молу амволи Занҷонӣ ба Теҳрон бозпас оварда мешавад: “Бо таваҷҷуҳ бар ин ки бисёре аз амволи Занҷонӣ дар хориҷ аз Эрон аст ва яке аз баҳонаҳо баҳси маҳдудият ва таҳримҳоест, ки кишварамон даргири он мебошад. Фикр мекунам, то чанд моҳи оянда, ки музокироти ҳастаӣ ба натиҷа мерасад, метавон амволи ӯро ба таври комил ва ҳатто бо фоидаву хисороташ бозгардонд”.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |