Тағйироти кадрӣ дар Хадамоти гумрук ва барканории се муовини А. Ғоиб
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон се муовини Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори нави Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон зуҳри 8 апрел хабар додааст.
Манбаъ мегӯяд, Тоҳир Нуров ва Нуриддин Маҳмадов - муовинони сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз вазифаҳои худ бо қарори ҳукумати кишвар барканор шудаанд.
Инчунин Неъматбой Раҳматов, муовини аввали сардори ин ниҳод низ аз вазифа сабукдӯш шудааст. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур барканории се муовини Абдуфаттоҳи Ғоибро “ба кори дигар гузаштан” арзёбӣ карда, дар бораи мансабҳои нави онҳо чизе нагуфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |