Ҷонибдории 63 вакил барои тағйир додани Рӯзи кормандони прокуратура
Вакилони Маҷлиси намояндагон имрӯз, 8 апрел лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйру иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро қабул карданд.
Дар асоси ин лоиҳа Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи кишвар минбаъд на 14 декабр, балки 14 март таҷлил мегардад. Бахтовар Сафаров, вакили маҷлиси намояндагон зимни шарҳи лоиҳа гуфт, таҷлили рӯзи додситонӣ дар 14 декабр аз замони Шӯравӣ сарчашма гирифтааст, ки ниёз ба тағйир додан дорад. Номбурда гуфт, 14 марти соли 1992 рӯзи таъсисёбии додситонии Тоҷикистон аст, бино бар ин беҳтар аст, аз ин ба баъд дар ҳамин рӯз мақомоти додситонии кишвар идашонро таҷлил намоянд. Ҳамаи 63 вакили Маҷлиси намояндагон, ки дар толор ҳузур доштанд, якдилона аз ин лоиҳа ҷонибдорӣ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |