Генерал Ҷурахонзода дар нафақа телевизор тамошо мекунад

Генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода Қаюм, ки дар пайи як тағйироти кадрӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз вазифаи сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе барканор шуд, ба нафақа фиристода шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни маросими гусели Ҷурахонзода аз хидматҳои ӯ дар мақомоти умури дохилӣ миннатдорӣ кардааст. Ба гуфтаи Раҳимзода, Ҷурахонзода ҳамчун “марди наҷиб бо иродаи қавӣ дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ бе нуқсон тули солҳои зиёд фаъолият намудааст”.
Дафтари матбуоти ВУД мегӯяд, ба генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода Қаюм дар ин маросим аз сӯи Раҳимзода “Сипосномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тӯҳфаи хотиравӣ - телевизор тақдим шудааст.
Саид Ҷурахонзода Қаюм, ки аз моҳи декабри соли 2013 ба ин сӯ ба курсии сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе такя мезад, рӯзи 7 апрел дар пайи як тағйироти кадрӣ аз мақомаш барканор шуд. Ба ҷои ӯ, полковники милитсия Фотеҳ Қунғуротзода Қулмурод, собиқ сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт таъйин шуд. Ҷурахонзода дар гузашта дар вазифаҳои гуногун дар мақомоти умури дохилӣ, аз ҷумла муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон кор кардааст.
Ба нафақа гусел кардани Ҷурахонзода дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе аз сатҳи фаъолияти ӯ дар вазифаи сардори Раёсати умури дохилии пойтахт изҳори ноқаноатмандӣ кард. Убайдуллоев, ки дар бораи низоми васоити нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе суҳбат мекард, дар хитоб ба Ҷурахонзода гуфтааст, корро аз сардори пешини Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ва муовини кунуни вазири умумри дохилии Тоҷикистон - Абдураҳмон Аламшозода биомӯзад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |