Ҳамдардӣ ва изҳори тасаллияти Шукурҷон Зуҳуров ба хонаводаи қурбониёни Файзобод
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар оғози ҷаласаи имрӯз аз ҳодисаи зери ярч мондани 10 тан аз сокинони рустои Яккабеди ноҳияи Файзобод ёд оварда, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд.
Ҷаноби Зуҳуров гуфт, баъди ин ҳодиса аввалин шуда, вакили Маҷлиси намояндагон – Хайрулло Асозода аз маҳалли ҳодиса дидан кард. Ҷаноби Асозода аз ҳавзаи якмандатии Файзобод ба парлумон роҳ ёфт.
Раиси палатаи поёнии парлумон дар идома афзуд, “аз номи худ ва ҳамаи вакилон ба ҳамдеҳагону наздикони қурбониён изҳори тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳам”.
3 апрел дар пайи лағжиши як теппа дар рустои Яккабеди ҷамоати Меҳробод 10 нафар зери хок монданд. То имрӯз танҳо ҷасади се тани онҳо ёфт шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳои 7 нафари дигар идома дорад.
9 МАСЪАЛА БАРОИ БАРРАСӢ ДАР ҶАЛАСАИ ИМРӮЗ
Хабарнигори “Озодагон”, ки ҷараёни ҷаласаи Маҷлиси намояндагони маҷлиси олиро назорат дорад, мегӯяд, дар рӯзномаи ҷаласа нуҳ масъала ворид шудааст: “Аз ҷумла қарор аст, лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонун “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2015”, лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон “Дар бораи интихоб намудани ҳаяти комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон”, Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Эрон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амният мавриди баррасии вакилони палатаи поёнии парлумон қарор мегирад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |