Таиланд мехоҳад, миёни Душанбеву Бангкок хатсайри ҳавопаймоӣ боз шавад
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Олиҷоҳ Маҳа Чакри Сириндҳорн, шоҳзодахонуми Таиланд, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ хабар доданд, ин вохурӣ рӯзи 7 апрел баргузор шудааст. Дар ин дидор ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор намудаанд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва шоҳзодахонуми Таиланд бар аҳамияти ифтитоҳи хатсайри ҳавопаймоии мустақим миёни Душанбеву Бангкок низ таъкид карда, вобаста ба баргузории Конфронси дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, ки аз 9 то 11 июни соли равон дар Душанбе баргузор мешавад, табодули назар намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |