Кӯмакхоҳии 15 тоҷики дармонда дар Яман ва ваъдаи Сафорат

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дархости 15 тоҷики дармонда дар яке аз минтақаҳои дурдасти Яманро қабул кардааст ва ҳоло роҳи берун овардани онҳо аз ин кишвари арабии дар ҳоли ҳозир нооромро ҷустуҷӯ дорад.
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорат рӯзи 7 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, онҳо дар ҳоли ҳозир бо намояндагони сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ тамос гирифта, роҳи берун овардани ин 15 тоҷик аз Яманро ҷустуҷӯ доранд. Ба гуфтаи оқои Эгамзод, онҳо талош доранд, ин шаҳрвандони Тоҷикистонро аз тариқи кишварҳои арабӣ, ки дар он намояндагии расмии Тоҷикистон фаъолият мекунад, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Кувайт ё Қатар берун биёранд.
Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, берун овардани ин 15 тоҷики дармонда аз Яман тариқи қаламрави Умон, ки худи дармондаҳо ин роҳро пешниҳод кардаанд, имкон надорад, чун дар ин кишвари арабӣ Тоҷикистон намояндагӣ надорад. Вале сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъкид кард, тамоми сафоратхонаҳои Тоҷикистон бо амри раисҷумҳури кишвар барои берун овардани кулли тоҷикон аз Яман муваззаф шудаанд ва ҳатман онҳоро берун хоҳанд овард: “Тоҷикони муқими Яман бидонанд, ки бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон мо муваззафем ҳамаи онҳоро ба макони бехавф интиқол диҳем ва ин вазифаро ҳатман иҷро хоҳем кард”.
Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар идома аз тамоми шаҳрвандони кишвар, ки дар қаламрави Яман ҳузур доранд, даъват кард, бо даст додани имкон худро ба маконҳои наздик ба намояндагиҳои дипломатии Русия бирасонанд: “Албатта, ин даъват аз нафароне аст, ки имкони омадан ба маконҳои дастрасро доранд. Чун масъулини намояндагиҳои дипломатии рус барои баровардани шаҳрвандони хориҷӣ аз тамоми гӯшаву канори Яман қодир нестанд ва онҳоро бояд дарк кард”.
15 шаҳрванди Тоҷикистон - 7 мард, 3 зан ва 5 кӯдак, ки дар қаламрави Яман қарор доранд, ахиран бо ирсоли як нома аз Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хостанд, онҳоро ҳарчи зудтар аз ин кишвар берун кунад. Ба гуфтаи ин афрод, азбаски дар минтақаи дурдасте ба номи Ҳазрамавтии Яман қарор доранд, намояндагиҳои дипломатии Русия аз интиқоли онҳо ба макони бехавф худдорӣ мекунанд: “Ба сафорати Русия дар Яман муроҷиат кардем, мегӯянд, ки агар то пойтахт, шаҳри Санъо биоед, мо ёрӣ мерасонем. Вале мо то шаҳри Санъо рафта наметавонем, 12 соат роҳ аст ва роҳҳо хатарноканд”.
Ин шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, “агар тариқи ҳавопаймо ё киштӣ аз шаҳри Мукалла эвакуатсия нашавад, мо метавонем, дар минтақаи Махра ҷамъ шавем, ки бо мамлакати Умон ҳамсарҳад аст ва 3-соата роҳ то ҳудуди Умон мебошад. Лекин дар Умон мо сафорат ё консулгарӣ надорем ва ба ин кишвар даромада наметавонем. Мо медонем, ки ин кори осон нест ва аз сафоратҳое, ки дар давлатҳои Халиҷанд хоҳиш мекунем, агар кӯмак карда тавонанд, ёрӣ бидиҳанд”.
Баъд аз шурӯи нооромиҳо дар Яман то ҳол 106 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ доштанд, тавассути тайёраҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия берун оварда шуданд. Як қисмати онҳо аллакай ба Ватан расиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |