Бемористони Ибни Сино: Ба шахсони суғурташуда дар Хуҷанду Фархор ҳам хидмат расонида мешавад
Комрон Ҳамроев, директори ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи миллӣ” мегӯяд, муҳлати шартнома як солро дар бар гирифта, шахси суғурташуда дар тамоми бахшҳои Бемористони Ибни Сино (Хуҷанд, Фархор, Панҷакент) метавонад аз имтиёзҳои пешниҳоднамудаи ташкилоти “Суғуртаи миллӣ” истифода намояд.
Ҳадафи аслии таъсис додани “Суғуртаи миллӣ”-иро номбурда васеъ гардонидани хидматҳои Бемористони Ибни Сино ва ифтитоҳи намояндагиҳои он дар навоҳӣ ва манотиқи Тоҷикистон арзёбӣ кард, то ҳар нафар имкон пайдо намояд, дар ҷои зисташ аз хидматҳои беҳтарини тиббӣ истифода барад. “Ҳар ҷо, ки намояндагии Бемористони Ибни Сино ифтитоҳ шавад, он ҷо намояндагии “Суғуртаи миллӣ” ҳам ифтитоҳ хоҳад ёфт. Ҳар қадар шумори ашхоси суғурташуда афзояд, имконияти муассисини мо барои сохтани бемористонҳои нав ва ворид кардани таҷҳизоти муосир зиёдтар мегардад. Ин ҷидду ҷаҳдҳо ҳама ба хотири хидматрасониҳои тиббии босифат ва дастрас гардидани он ба аҳолии кишвар мебошад”,-афзуд Комрон Ҳамроев.
Ба қавли ҷаноби Ҳамроев, “Суғуртаи миллӣ" тарҳи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, теъдоди зиёди зиёиёни кишвара кӯмаки ин лоиҳаро ҳис карда, аз имконоти он истифода бурданд: “Ба ҷуз ин, хушбахтона имрӯзҳо, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо масъулияти иҷтимоиро ҳис карда, кормандонашонро ҳарчӣ бештар суғурта мекунанд. Маълумоти бештар дар сайти расмии мо: www. sugurta.tj. Тамос бо телефони 918-26-30-02”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |