Қадрдонии Оқохон IV бо ҷоизаи “Падма Вибҳушан”
Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон барои гирифтани ҷоизаи “Падма Вибҳушан”, яке аз маъруфтарин ҷоизаҳои Ҳиндустон ба ин кишвар сафар кардааст.
Сомонаи “Theismaili”, торнамои марбут ба Оқохон мегӯяд, пешвои исмоилиҳоро дар ин сафар шоҳзодаҳо -- Алӣ Муҳаммад ва Заҳро ҳамроҳи фарзандонаш -- Соро ва Илён ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, Оқохони IV моҳи январи соли ҷорӣ барои дарёфти ин ҷоиза номзад шуд. “Падма Вибҳушан” дуввумин ҷоизаи бузурги Ҳиндустон аст, ки барои “хадамоти истисноӣ ва барҷаста” аз ҷониби раиси ҷумҳур эъто мешавад.
Ҳамчунин интизор меравад, Оқохон IV зимни ин сафари ҳафтрӯза санги бунёдии осорхона ва маркази боздидкунандаҳои оромгоҳи Ҳумоюнро бигузорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |