Ойниҳол Бобоназарова: Дар Фейсбук танҳо як саҳифа дорам

Ойниҳол Бобоназарова, собиқ номзад ба курсии президентӣ ва раиси созмони ҷамъиятии “Перспектива+” гуфтааст, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук танҳо як саҳифа дорад.
Хонуми Бобоназарова 7 апрел дар ин саҳифаи фейсбукаш навиштааст, нафаре ё гуруҳе аз номи ӯ саҳфа боз кардаву “сафсатаю бӯҳтон пахш мекунад, аллалхусус, дар мавриди наворҳои характери фаҳш дошта ва ё пешниҳод барои мубориза ба ёди шаҳиди ҷавони афғон Фархунда”.
Ойниҳол Бобоназарова дар идома аз ҳамаи дӯстонаш хоҳиш кардаст, чунин паёмҳоро лағв карда ва ба он аҳамият надиҳанд: “Ин нафарон мехоҳанд аз номи шахси дигар корҳои ношоями худро пеш баранд”.
Дар гузашта низ чеҳраҳои шинохтае аз пайдо шудани саҳфаҳои тақаллубияшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вижа хабар дода буданд. Моҳи августи соли 2013 Ҳамрохон Зарифӣ, вазири вақти умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия гуфта буд, ба номаш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи қалбакӣ боз кардаанд: “7 августи соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook аккаунт бо номи ман – Хамрохон Зарифи (https://www.facebook.com/profile.php?id=100006486525314&fref=ts) сохта шуд. Соҳиби аккаунт тамоми маълумот ва аксҳоро аз саҳифаи аслии худам нусхабардорӣ карда, дар аккаунти қалбакӣ ҷо намудааст. Дар ҳоли ҳозир он шахс аз номи ман ба шахсони бисёре “пешниҳоди дӯстӣ” (добавить в друзья) фиристодааст”.
Чанд соат баъд аз пахши ин навиштаи Ҳамрохон Зарифӣ мудирияти шабакаи Фейсбук акаунти тақаллубии вазирро баст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |