Президенти Қирғизистон барои бунёди масҷид замини худро ҷудо кард
Бо ташаббуси Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ба сохтмони масҷиди “Шаҳидони 7 апрел” оғоз бахшида шуд. Ин масҷид ба хотираи шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд, бунёд мегардад.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, масҷиди “Шаҳидони 7 апрел” дар қитъаи замине, воқеъ дар маҳаллаи 7-уми шаҳри Бишкек сохта мешавад, ки ба Алмосбек Отамбоев тааллуқ дорад. Манбаъ мегӯяд, раисҷумҳури Қирғизистон замини наздиҳавлигии худро барои сохтмони масҷид ҷудо кардааст.
Сохмтони масҷид рӯзи 7 апрел бо иштирок ва суханронии Алмосбек Отамбоев оғоз шуда, дар ҳошияи он вохӯрии раисҷумҳури Қирғизистон бо пайвандон ва наздикони қурбониёни ҳодисаи маъруф ба 7 апрел баргузор шудааст.
7 апрели соли 2010 дар Қирғизистон табаддулоти давлатӣ ба миён омад, ки ҳукумати Қурбонбек Боқиевро сарнагун кард. Боқиев соли 2005 дар заминаи як табаддулоти дигар сари қудрат омада буд. Дар ин ҳодса дар майдони марказии Бишкек ва назди кохи раёсатҷумҳури ин кишвар даҳҳо нафар бо шумули намояндаҳои мухолифин ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |