Абдуллоҳ Раҳнамо: Абри сияҳ менолад бар мотами Файзобод...
Абдуллоҳ Раҳнамо, сиёсатшинос ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар пайи лағжиши теппае дар рустои Яккабеди Файзобод, ки ҷони даҳ нафарро гирифт, марсияе иншо кардааст. Он дар қолаби таронаи маъруфи “Пурсояву пурмаҳтоб шаб хам-хами Файзобод”-и марҳум Нигина Рауфова, овозхони саршинос эҷод шудааст. Хабаргузории "ТоҷНюс" мегӯяд, муаллиф дар қолаби ин суруди машҳур талхию сангинии андуҳи бузурги мардуми Файзобод, балки ҳамдилии тамоми мардуми Тоҷикистонро ба тасвир ва нола мекашад.
Пурнолаву пурфарёд шаб хам-хами Файзобод,
Ашки шаби маҳтобӣ дар шабнами Файзобод.
Ку лолаи хандонаш, ку нағмаи мурғонаш?
Дар пуштаҳо менолад кавки рами Файзобод.
Ғамбаставу ғамполо шаббодаи Элокаш,
Лабташнаву лабташна, хун мечакад аз токаш,
Гӯри ҷавонмардон шуд, оҳиста рав бар хокаш…
Як кишваре биншаста дар мотами Файзобод.
Пурнолаву пурфарёд шаб хам-хами Файзобод.
Ашки шаби маҳтобӣ дар шабнами Файзобод…
Эй чашмаи наврӯзӣ, эй пуштаи боронӣ,
Во хоҳари саргардон, во модари армонӣ,
Шаҳбачаи озода дар хок шуд зиндонӣ…
Аз гиряҳо пур карданд оби ками Файзобод.
Хамгаштаву хамгашта пушти хами Файзобод,
Ашки шаби маҳтобӣ дар шабнами Файзобод,
Абри сияҳ менолад бар мотами Файзобод,
Биншаста дар овозам сӯзи ғами Файзобод…
Рӯзи 3 апрели соли равон дар деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод тақрибан соати 13:10 дақиқа ярч фаромада, 10 сокини деҳаро, ки тариқи ҳашар ба таъмири қубури обгузар машғул будаанд, зер кард. То имрӯз танҳо ҷасади ду нафари онҳо аз зери хок берун оварда шуда, ҷанозаи ҳашт тани дигарро дар ҷои ҳодиса хонданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |