Шукрона Қарчиева дар Твер нишони нуқраро бар гардан овехт
Шукрона Қарчиева, варзишгари тоҷик дар сабқати кушоди Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни наврасон соҳиби нишони нуқра гардид.
Ин мусобиқа рӯзҳои 4 ва 5 апрел дар шаҳри Твери Федератсияи Русия баргузор шуда, Шукрона дар вазни 48 кг мақоми дуввумро ба худ ихтисос дод.
Ширинҷон Муҳаммадсафоев, як намояндаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар мусобиқаи мазкур кишвари моро даҳ варзишгари соли таваллудашон 1998-2000-ум намояндагӣ карданд.
Ба қавли манбаъ, Шукрона Қарчиева дар се даври аввал намояндаи Федератсияи Русия -- Буриева Муҳаббат (дар 34 сония), намояндаи Қирғизистон -- Саскиева Комиша (дар 2 дақиқаву 17 сония) ва намояндаи дигари Федератсияи Русия Х. Гарияро (дар 2 дақиқаву 56 сония) мағлуб намуда, дар рақобати ниҳоӣ аз дзюдочии Русия -- Куриш Фаҳина шикаст хӯрд.
Мусобиқаи кушоди Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни наврасон тибқи анъана, ҳар сол дар аввали моҳи апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор мешавад. Имсол дар ин мусобиқа беш аз 400 дзюдочӣ аз 24 кишвари ҷаҳон, бо шумули Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Олмон, Чехия, ИМА, Бразилия, Қазоқистон иштирок карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |