Фейсбук дар Русия баста мешавад
Марк Сукерберг, асосгузори шабакаи Facebook изҳорот додаст, ки ин шабакаро барои русиягиҳо мебандад. Дар ин бора пойгоҳи интернетии укроинии joinfo.ua бо истинод ба хабаргузории “Ассошиайтед Пресс”-и Амрико иттилоъ додааст. Ин иқдоми Сукерберг идомаи таҳримоти кишварҳои Ғарб алайҳи Русия дар расонаҳо унвон шудааст.
“Бисёриҳо намедонанд, ки шаҷараи ман аз тарафи модарам аз шаҳри Уман (шаҳре дар вилояти Черикаси Укроин) мебошанд, ҳарчанд, ки худи ман чандон инсони эътиқодӣ нестам, аммо чанд бор бо ҳасидҳо ба маросими ҷашнгирии соли нави яҳудиҳо Рош ва Шано рафтам ва Укроинро ватани дувуми худ меҳисобам. Ба ҷуз ин, вақте ба Русия рафтам ва бо президенти вақти Русия –Медведов вохӯрдам маро пешипо дод ва узр ҳам напурсид. Ман фикр мекунам инро махсус кард”,- овардааст joinfo.ua аз қавли Сукерберг.
Ба навиштаи ин пойгоҳи интернетӣ, Сукерберг аз дигар шабакаҳои бонуфузи иҷтимоӣ, хусусан, Твиттер, даъват кардааст, ин иқдомро дастгирӣ кунанд, зеро чунин таҳримот алайҳи шаҳрвандони оддии Русия “ба манфиати шабакаи ҷаҳонӣ” мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |