Аз 9 апрел нақлиёти “бегона”-ро ба Душанбе роҳ намедиҳанд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ки имрӯз, 6 апрел баргузор шуд, масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии пойтахтро муваззаф кардааст, шурӯъ аз 15 апрел аз соати 6-и субҳ воситаҳои нақлиёти коммуналию хусусӣ то 70 фоизи иқтидор сафарбар карда шаванд.
Шавкат Саидов, сухангӯи раиси Душанбе мегӯяд, инчунин дар ҷаласаи мазкур ҷиҳати коҳиш додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳр, муқаррар карда шуд, ки ибтидо аз 9 апрел воридшавии ҳамагуна воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ ба ҳудуди шаҳр манъ шуда, таваққуфи онҳо дар чор даромадгоҳҳои шаҳр муайян гардад.
Ба қавли оқои Саидов дар ҷаласа ҳамзамон масоили таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ, вусъати корҳои сабзкорию ниҳолшинонӣ, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, баррасӣ шудааст: "11 апрел мутобиқ ба Қарори марбутаи Раиси шаҳр сафарбарсозии аҳли ҷамоатчигӣ ба маъракаи оммавии ниҳолшинонию ободонӣ, назорати роияи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъ доштани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон дар қаламрави шаҳр, безараргардонии сагҳои дайду, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо, раҳнамунсозии зарфияти соҳибкорон, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию аҳли ҷомеа, сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ дар ободонии роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузар, роҳандозии либоси ягонаи таъинотӣ дар тамоми субъектҳои хизматрасонӣ ва роҷеъ ба иҷрои нишондодҳои Сарвари давлат бобати ҷудо намудани қитъаи замини зарурӣ дар шаҳр баҳри бунёди “Муҷассамаи Модар” ва маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри Модар” мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардиданд”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |