Баҳси буҳрон ва мушкилоти ҷомеаи соҳибкорӣ дар Душанбе

22 апрел дар Душанбе “Муколамаи зиддибуҳронии ҷомеаи соҳибкорӣ” баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Озодагон” Далер Ғуфронов, сардабири маҷалаи “Элита” хабар дод.
Ин ҳамоиш бо ибтикори маҷаллаи “Элита”, Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Шератон Душанбе” доир мегардад.
Ба қавли Далер Ғуфронов, “ба унвони яке аз мубтакирони ин нишаст иқдом кардани бузургтарин институти молиявӣ дар кишвар – Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи иштироки ҷониби давлатро дар ин чорабинии муҳим ва саривақтӣ таъмин намуда, дар шароити ҳассоси мавҷуда барои соҳибкорони кишвар паёми умедворкунанда мебошад”.
Гуфта мешавад, дар ин муколама наздики 55 ширкат ва ташиклотҳои бузург дархости ҳамкорӣ кардаанд, ки “Соса-Сola Тоҷикистон”, “Tethys Petroleum Тоҷикистон”, “Бонки Авруосиёии Рушд ва тавсеа”, “Ориёнбонк”, “Умед-88” “ПОЯНДА Бетон” ва “ANATIS” аз зумраи онҳо мебошанд.
Дар назар аст, дар ин муколама вобаста ба муҳимтарин самтҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: сохтмон, бонкдорӣ, истеҳсолоту савдо баҳсу мунозираҳои васеъ ва натиҷагирӣ сурат бигирад. Ширкатҳои "Fly Dubai" ва "AccessBank Tоҷикистон" ба унвони сарпараст дар ин нишаст ширкат мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |