Ҳисоботи раисон ба Э.Раҳмон дар бораи буҷа, киштукор, соҳилмустаҳкамкунӣ...
Имрӯз, шашуми апрел, раҳбарони чанде аз ноҳия ва вилоятҳои Тоҷикистон тавассути телефон ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ҳисобот додаанд.
Тавре дафтари матбуотии Президент иттилоъ медиҳад, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархору Данғара аз рафти иҷрои нақшаи даромади буҷаи давлатӣ, вусъат додани киштукори баҳорӣ, бахусус кишти пахта ва сабзавот, корҳои соҳилмустаҳкумкунӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ҳисобот додаанд.
Манбаъ меафзояд, “доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои нигаронкунанда, аз ҷумла омодагӣ ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезӣ, дар назди шахсони масъули номбурда вазифаҳои мушаххас гузошта шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |