Фарзанди муҳоҷир: Падар аз гушнагиву ташнагӣ дар навбатпойӣ барои патент мурд
Як шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон зимни навбатпойӣ барои дарёфти патент дар шаҳри Маскави Русия ба ҳалокат расидааст.
Иззат Аммон, раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, Эсанов Комилҷон Сарибоевич, сокини ноҳияи Панҷакент, дар миёни издиҳом дар яке аз нуқтаҳои бо номи Маркази муҳоҷират дар минтақаи Сахаровои Маскави Нав (Новое Москва) ба ҳалокат расидааст. Шералӣ Шоев, мудири шӯъбаи ҳуқуқи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳам ин хабарро тайид намуда, изҳор дошт, муовини раиси намояндагӣ -- Саид Боев бо наздикони марҳум дар тамос шуда, омодагӣ барои кумак карданро изҳор дошт.
Ба гуфтаи Иззат Амон, Комилҷон Эсанбоев мутаваллиди соли 1967 буда, ҳанӯз ҷасадаш дар ҳамон маркази муҳоҷират қарор дорад. Ба қавли ӯ, кормандони ин марказ нагузоштаанд, то мошини ёрии таъҷилӣ вориди бино шавад.
Дилшод, фарзанди Комилҷон, ки ҳамроҳ бо падари худ дар муҳоҷиратӣ меҳнатӣ қарор доштааст, дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” таъйид намуд, ки воқеан падараш миёни издиҳоми мардум ба ҳалокат расид: “Фикр мекунам, ки падарам дар миёни издиҳом аз гушнагиву ташнагӣ ба ҳалокат расид. Мо чандин рӯз аст, ки барои гирифтани патент инҷо навбатпойӣ мекунем ва инҷо на як тартиб асту на як низом. Ҳар касе, ки метавонад бо зӯриву бо фиребу бо корҳои дигар навбатро вайрон намуда, патентро ба даст меоварад”.
Комилҷон Эсанбоев соҳиби 4 фарзанд: се писару як духтар будааст. Ҳоло се фарзанди дигараш дар ноҳия Панҷакент мебошанд.
Дилшод мегӯяд, то ҳол ҷасади падараш дохили ҳамон марказ аст: “Моро намегузоранд, ки ҷасадро бубарем. Ба мо ваъда медиҳанд, ки ҳоло ё замони баъдтар мошин меояд, аммо ҳеҷ не, ки мошин биёяд”.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ далели нигоҳ доштани ҷасадро дар марказ ба дарёфт накардани хатти вафот рабт медиҳад: “То хатти вафот нагиранд, иҷоза намедиҳанд, ки мурда бурда шавад”.
Ба гуфтаи Шералӣ Шоев, намояндагӣ хароҷоти интиқоли ҷасадро то сардхона ва дигар хароҷоти сардхонаро ба дӯши худ гирифт ва хароҷоти интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон тибқи қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон ба дӯши Сафорати Тоҷикистон дар Русия мебошад.
Як ҳамсояи дигари Комилҷон Эсанбоев, ки ҳамроҳии Дилшод дар ин Марказ мунтазири интиқоли ҷасад аст, дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, шароити навбатпойӣ барои гирифтани патент бисёр сангин аст ва ба муҳоҷирон муносибати дурусте намешавад: “Барои гирифтани патент мо зиёд мунтазир мемонем ва мешавад ҳолате ки то 10-15 рӯз навбатпойӣ мекунем. Агар чунин шароит аз ҷониби Русия тағйир дода нашавад, эҳтимол аст, даҳҳо Комилҷони дигар ба ҳалокат бирасад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |