Боздиди раиси ҲАТ аз Файзобод ва тасаллият ба оилаи қурбониён
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо як гуруҳ аъзои раёсати ин ҳизб дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод волидон ва хешу табори ҳамаи 10 оилае, ки фарзандону наздикони худро рӯзи 3 апрел дар натиҷаи лағжиши теппа аз даст додаанд, аёдат намуданд.
Тавре аз маркази матбуотии ин ҳизб ба “Озодагон” иттилоъ доданд, раиси ҲАТ ба падару модар ва наздикони ҳалокшудаҳо аз номи Кумитаи марказии ҳизб изњори тасаллият ва ҳамдардӣ намуда, изҳор доштааст, имрӯзҳо тамоми сокинони мамлакат - аз роҳбари давлат то шаҳрванди оддӣ бо оилаҳои ҳалокшудаҳо худро ғамшарик медонанд. “Дуои онро дорем, ки Худованди карим ба наздикону пайвандон сабри љамил ва ба њалокшудагон љаннатулмаъворо насиб гардонад”, -гуфтааст ҷаноби Латифзода.
Манбаъ мегӯяд, ба ҳамаи оилаҳои ҳалокшуда аз номи ҲАТ кумакҳои моддӣ расонида шуд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон гуфтаанд, хабари фаромадани ярч дар деҳаи Яккабеди ноҳия Файзободро бо дард қабул намуданд. Ин ду ниҳод дар мактуби тасаллияте изҳор доштаанд, ҷавононе, ки дар ин ҳодиса ҷони хешро аз даст доданд, ҳамеша дар ёди мо хоҳанд монд: "Мо, онҳоро ҳамчун ҷавонони созандаву бундёкор ва меҳанпараст дар қалбҳо нигоҳ медорем. Зеро онҳо ҷавононе, буданд, ки ба хотири бунёд кардани як гӯшаи Ватани маҳбуб-Тоҷикистон ва обёрӣ кардани як деҳа ба ҳашари умумӣ баромада, мехостанд бо меҳнату заҳмати софдилона коми як ташналабро ҳам бошад, тар намоянд. Якбора қурбон гардидани 10 нафар, ки миёнашон 8 нафар ҷавонон мебошанд, мо ва кулли ҷавонони кишварро сахт андуҳгин намудааст. Ин ҳодисаро мо, ҷавонон ҳамчун фоҷиа қабул намуда, пайваста дуогӯи қурбониён мебошем".
Аз ин пеш Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва Шоди Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон низ ба хонаводаи афроди дар ин фоҷиа фавтида изҳори ҳамдардӣ карда буданд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва раҳбари Ҳизби ҳокими ҳалқии демократӣ дар рӯзи ҳодиса дар як суҳбати телефонӣ ба раиси ноҳияи Файзобод изҳори тасаллият карда буд.
Дар пайи фаромадани ярч дар деҳаи Яккабеди Файзобод рӯзи 3 апрел 10 нафар зери хок монданд, ки ҷасади ду нафари онҳо пайдо гардид. Рӯзи шанбеи 4 апрел намози ҷанозаи ҳашт тани дигар дар ҷои ҳодиса хонда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |