Боздошти ду тоҷику як узбак дар роҳ ба сӯи ДИИШ
Мақомоти пулиси Туркия аз боздошти 7 шаҳрванди хориҷӣ бо шумули тоҷикону як узбак дар марзи ин кишвар бо Сурия хабар додааст.
Ба иттилои расонаҳои туркӣ, миёни ин 7 нафар ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбакистон низ ҳаст, ки мехостанд, марзи Туркияро ба қасди Сурия убур кунанд. Чаҳор нафари боқӣ шаҳрвандони Русия гуфта мешаванд.
Расонаҳо мегӯянд, ин афрод рӯзи 3 апрели соли равон дар шаҳри Ғазантеппа, воқеъ дар минтақаи ҷанубу шарқи Туркия ва ҳаммарз бо Сурия боздошт шудаанд, ки қасди пайвастан ба сафи ҷангҷӯёни созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ-ро доштаанд.
Мақомоти пулиси Туркия қаблан хабар доданд, ки шоми якуми апрел дар марзи ин кишвар бо Сурия 9 шаҳрванди Фаронсаву Бритониёро низ ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва пайвастан ба ДИИШ дастгир кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |