(ВИДЕО) Ҳамшираи тоҷик: Тинҷӣ шавад боз ба Яман меравам

Шоми имрӯз, 3 апрел як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ахиран тавассути ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз кишвари арабии Яман ба Маскав интиқол ёфтанд, тавассути фурудгоҳи Домодедови ин кишвар ба Душанбе расиданд.
Мушаррафа Муҳиддинова, як сокини шаҳри Душанбе аз ҷумлаи ин панҷ шаҳрванди ба Ватанбаргашта аст, ки дар суҳбат ба хабарнигорон барои аз қаламрави Яман берун оварданашон аз мақомоти Тоҷикистон ва Русия изҳори миннатдорӣ кард. Хонум Мушаррафа мегӯяд, ба Яман ба хотири ба даст овардани маблағи бештар барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ рафта буд. Ӯ афзуд, то замони бомбандозиҳо кору зиндагияш дар Яман хуб буд: “Тули ҳафт сол аст, ки дар Яман кор мекардам, шароити корӣ хело хуб буд, маошамонро сари вақт мегирифтем ва мардуми онҷо махсусан ба зан хело эҳтироми хосса доранд. Аммо вақте бомбандозӣ шуд, ҳама гурехтанд”.
Мадина Азизмуродова, сокини ноҳияи Панҷакент мегӯяд, вақте онҳоро ба Маскав интиқол доданд, бо ягон намояндаи Тоҷикистон рӯбарӯ нашуд, дар ҳоле ки ба қавли ӯ, намояндаҳои дигар давлатҳо, аз ҷумла Узбакистон шаҳрвандонашонро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, ба Ватанашон гусел карданд. Хонум Мадина мегӯяд, аз чаҳор соли пеш ба Яман рафта буд ва дигар қасди баргаштан ба он кишварро надорад. Аммо Муҳаббат Уразова яке аз дигар хонумҳои баргашта аз Яман гуфт, мехоҳад баргардад: “Агар тинҷӣ бошад боз меравам”. Ӯ, ки тавассути ширкатҳои русӣ ба ин кишвари арабӣ рафтааст, ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ дар минтақаи Ҳаҷҷа кор мекардааст. Ба қавли хонуми Уразова аз маҳалли кори онҳо то пойтахт, шаҳри Санъо ҳудудан се соат роҳ будааст. Хонум Муҳаббат низ гуфт, аз ҳафт соли пеш ба Яман рафта буд ва бори охир якуним сол қабл ба Ватан омад. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҳайси корманди тиб дар Яман кор мекунанд, кишварро тарк накарданд.
Ба қавли масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия то ҳол 17 шаҳрванди кишвар аз қаламрави ҷумҳурии арабии Яман берун шуда, шанбеи 4 апрел як гуруҳи дигар марзи он давлатро тарк хоҳад кард. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат рӯзи 3 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин 17 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ду ҳавопаймои Русия, ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷро аз Яман берун меоварданд, ба шаҳри Маскав интиқол шудаанд. Аммо ӯ гуфт, “ҳанӯз маълум нест, ки чанд нафар аз шаҳрвандони баргашта ба Душанбе мераванд, зеро баъзеҳо шиносномаи русӣ ҳам доранд ва аз тариқи ширкатҳои русӣ ба Яман рафтаанд. Миёни афроди баргашта як зани тоҷик низ ҳаст, ки мунтазири шавҳари яманияш мебошад ва интизор меравад, онҳо ҳамроҳ ба Туркия раванд”.
Оқои Эгамзод афзуд, бинобар сабаби бидуни мувофиқа рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Яман ҳанӯз теъдоди дақиқи онҳоро намедонанд: “Вале номнависии онҳо ҳамоно идома дорад”.
Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз ташкили як гуруҳи корӣ бо раҳбарии Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар Маскав барои интиқоли тоҷикони муқими Яман ба макони бехавф хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, гуфтушунид бо масъулини Вазорати умури хориҷии Русия барои берун овардани сареи тоҷикон аз Яман ба роҳ монда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 март ба тамоми сафоратхона ва намояндагиҳои кишвар дар давлатҳои арабӣ дастур дод, барои берун овардани тоҷикони муқими Яман талош кунанд. Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 27 март бо таъйиди ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон тамоми намояндагиҳои дипломатию консулии кишвар дар давлатҳои арабӣ, аз ҷумла дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Миср вазифадор шудаанд, барои берун овардани тоҷикони муқими Яман аз тамоми имкониятҳои худ истифода кунанд.
Дар пайи оғоз шудани ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ бо муттаҳидонаш ба Яман тоҷикони муқими ин кишвар, ки теъдодашон ҳудуди 800 нафар арзёбӣ мешавад, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, онҳоро ҳарчи зудтар бароранд, чун ҷонашон дар хатар қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |