Муҷозоти афғону чиниҳо - фурӯшандаҳои яклухти ҳиҷоб дар Душанбе
Кумитаи андози Тоҷикистон зимни як санҷиши муштарак бо ниҳодҳои дигар дар бозорҳои шаҳри Душанбе тоҷирони тоҷик, афғон ва чиниро, ки ба фурӯши яклухти либосҳои барои миллати тоҷик бегона машғул будаанд, ҷарима бастааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ахиран аз ҷониби гуруҳи кории муштарак иборат аз кормандони андоз, Тоҷикстандарт, Хадамоти гумрук, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, иҷрои қоидаҳои савдо ва қонунгузории кишвар дар бозорҳои Душанбе санҷида шудааст: “Муайян шуд, ки на ҳамаи соҳибкорон қонунгузориро риоя мекунанд. Аз ҷумла як тоҷир аз Афғонистон ва се тоҷири чинӣ, ки дар бозори Корвон ба харидуфурӯши яклухти рӯймолҳои занонаи ба фарҳанги мардуми тоҷик бегона машғул буданд, қоидаи савдоро вайрон кардаанд”.
Манбаъ мегӯяд, ин тоҷирон молҳояшонро аз Чину Покистон ворид намуда, бо нақзи қоидаҳои савдо дар Тоҷикистон пешниҳоди харидорон мекардаанд. Дар баробари нақзи қоидаҳои андоз инчунин натавонистаанд, асноди гумрукиро пешниҳод кунанд: “Молҳои пастсифатро пешниҳод кардаанд, ки дар бораи ном, андоз, ҷои истеҳсол, аз кадом матоъ омода шуданашон иттилоъ надодаанд.”
Кумитаи андоз мегӯяд, ин санҷиши муштарак муайян намудааст, ки бисёре аз тоҷирон даромадашонро кам нишон додаанд: “Тоҷироне ошкор шуданд, ки ба маблағи садҳо ҳазор сомонӣ ба кишвар бор ворид мекунанд, аммо ҳанӯз ҳам бо патент кор мекунанд, ки ғайриқонунӣ мебошад”.
Санҷиши гуруҳи корӣ ва ифшои бештари қонуншиканиҳо дар фаъолияти фурӯшандаҳои либосҳои динӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи март дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст ва аз мақомоти кишвар даъват намуд, ки миёни мардум бештар либосҳои миллиро тарғиб кунанд: “Меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.
Дар пайи ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |