Ирсоли кумакҳои аввалия ба зарардидагони фоҷиаи Файзобод (САДО)

Бо супориши ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ба хонаводаи афроде, ки рӯзи гузашта (3 апрел) дар пайи фаромадани ярч дар деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳробод, зери хок мондаанд, кумакҳои аввалия расонида шуд.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 4 апрел ба “Озодагон” гуфт, ин кумакҳо аз як тонна орд, 500 кг бринҷ, 500 кг шакар ва 200 литр равған иборат буданд: “Барои бурдани корҳои кофтуковӣ 5 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ҷудо гардид. Инчунин барои таъмини шароити кори гуруҳи наҷотдиҳанда 4 хаймаи андозаи 5х4 аз ҳисоби захираҳои кумита ҷудо ва расонида шуд”.
Ориф Нозимов субҳи имрӯз гуфта буд, 17 нафар аз маркази наҷотдиҳӣ ва 39 нафар аз қисмҳои низомии кумита ҳоло дар ҷойи ҳодиса қарор доранд: “Аз ҳисоби ҳукуматҳои маҳаллӣ низ гуруҳҳо ташкил шуда, ба ҷустуҷӯ машғуланд”.
Ба иттилои ӯ, аз ҳудуди 10 сокини зери хокмонда дар пайи лағжиши теппа дар деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободи Файзобод, танҳо ҷасади ду нафари онҳо -- Шодмон Алимардонов, соли таваллудаш 1990 ва Муҳаммад Умаров соли таваллудаш 1987, дарёфт шудааст.
Азим Иброҳим, Рамазон Раҳимзода ва Саймумин Ятимов бо дастури Президент ба Файзобод рафтанд
Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи зери ярч мондани сокинони деҳаи Яккабеди Файзобод як комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфтааст.
Бино ба иттилои расида, ин комиссия бо роҳбари муовини сарвазир -- Азим Иброҳим, вазири корҳои дохилӣ -- Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ -- Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ -- Акбар Ятимзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ -- Хайриддин Абдураҳимов ба маҳалли ҳодиса рафтаанд.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур аз суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Файзобод -- Имомназари Каримиён хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, “дар рафти суҳбат раиси ноҳия доир ба сабабҳои ин офати табиӣ ва рафти корҳои барқарорсозии он ба Сарвари Давлат маълумот дод. Сарвари Давлат ба раиси ноҳия супориш дод, ки кумакҳои Ҳукумати мамлакатро фавран ба оилаҳои зарардида расонида, изҳори таъзияи Президентро ба оилаҳои қурбоншудагон баён намояд".
Эълони ному соли 10 нафаре, ки зери ярч мондаанд: Кофтукоб идома дорад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон зери ярч мондани сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзободро тасдиқ карда, афзуд то ҳол ҷасади ду нафари онҳо -- Шодмон Алимардонов, соли таваллудаш 1990 ва Муҳаммад Умаров соли таваллудаш 1987, дарёфт шудааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ҳоло ҷустуҷӯҳо идома доранд. Ба қавли ӯ, ярч дар деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод, рӯзи 3 апрел соати тақрибан 13:10 дақиқа фаромада, дасти кам 10 сокини деҳаро, ки тариқи ҳашар ба таъмири қубури обгузар машғул будаанд, зер кардааст: “Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соати 14:30 ба ҷои ҳодиса 8 наҷотдиҳанда бо роҳбарии генерал Рустам Шоевро сафарбар намуд. Соати 16:26 гуруҳи дуюми наҷотдиҳандаҳо ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар қатори афроде, ки дар пайи лағжиши теппа зери хокпораҳо мондаанд номи ҳашт нафари дигарро зикр кардааст: Худойбердӣ Одинаев соли таваллудаш 1963, Исҳомиддин Абдуллоев соли таваллудаш 1989, Саид Саидов соли таваллудаш 1997, Далер Кабиров соли таваллудаш 1998, Фахриддин Нуров соли таваллудаш 1986, Мақсуд Толибов соли таваллудаш 1996, Наим Қурбонов соли таваллудаш 1979, Мақсуд Шодиев соли таваллудаш 1986.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |