Муовини муфтии Тоҷикистон куштори Фархундаро маҳкум кард

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қатли Фархундаи 27-солаи афғон аз ҷониби тӯдаи мардон дар шаҳри Кобули Афғонистонро ба шиддат маҳкум кард.
Ӯ рӯзи 3 апрел дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа бори дигар аз қазияи ин духтари афғон ёдовар шуда, гуфт, ин амали тӯдаи мардон дар Афғонистон як кори ваҳшиёна буд. Ба гуфтаи домулло Сайид Акбар, Фархунда бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар Кобул дар ҳоле аз сӯи як гуруҳ кушта шудааст, ки як зани порсо ва олима будааст: “Вақте тафтиш кардаанд, Фархунда қуръонсӯзӣ накардааст ва як зани порсо ва олима будаву ибодати Худоро мекардааст”.
Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар охир аз сокинони кишвар хост, таҳаммулпазир бошанд ва бидуни доштани иттилои дақиқ аз ҳукм кардан дар ҳаққи якдигар худдорӣ варзанд.
Фархунда, номи як духтари 27- солаи афғон аст, ки рӯзи 20 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд. Вале дар пайи тафтиши ин қазияи пулиси Кобул эълон кард, Фархунда Қуръонро насӯхтааст. Дар робита ба ин қазия 13 маъмури пулис аз вазифаҳои худ барканор шуда, 18 нафар боздошт гардиданд.
Ҷомеаи мадании Афғонистон ба ин амал вокуниши тунд нишон дода, тайи чанд ҳафтаи ахир дар тамоми вилоятҳои ин кишвар роҳпаймоиҳо идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |