Адибаи Азиз: Мурданам беҳ, ки хомӯш биншинам!
Адибаи Азиз, шоири ҷавони тоҷик дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” зери унвони "Марги даҳшатбори Фархунда дар Афғонистон ва ҷаҳолати таассубангез" суханронӣ менамояд.
Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш нахустин вокуниши ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар баробари қатли ин духтари афғон аст. Адибаи Азиз мегӯяд, масъулони маҳфили “Ҷаҳони андеша” пас аз хондани шеъру вокунишҳояш аз ӯ даъват кардаанд, дар мавриди қазияи кушта шудани духтари 27-солаи афғон бо номи Фархунда, ки сару садоҳои зиёде дар Афғонистон ва ҷаҳон ба бор овард, дар ин маҳфил суҳбат кунад.
Хонум Адиба мегӯяд: “Мо бо Афғонистон ҳаммарз ҳастем ва ин гуна қазияҳо метавонанд ба ҷомеаи мо ҳам таъсир расонанд”.
Ба қавли хонум Адиба, ки тайи 2 моҳ дар Русия қарор дошта, онҷо таҳқиру куштори муҳоҷирони бесоҳиби тоҷикро медидааст ва аз тоҷикситезии ҷониби Русия бисёр ҷигархун гаштааст, ба Тоҷикистон омада хурсанд шудааст, ки инҷо суботу оромист: "Аммо вақте дар Афғонистони ҳамсоя ин ҳодисаи нангин шуд, ман ба ин хулоса расидам, ки қотилони инсонҳо дину миллату мазҳаб надоранд".
Адиба ҳамчунин мегӯяд, наметавонад дар баробари чунин як ҳодиса ва ҳодисаҳои ба ин монанд хомӯш бошад. “Дар ҳар куҷои дунё як духтар барои ҳақиқат гап занаду ӯро бикушанд, агар тамоми мардум ҳам бар зидди ман гап занад, садоямро баланд мекунам. Ҷоҳилон дину мазҳаб надоранд. Инҳо бояд дар паси дин пинҳон нашаванд. Ман на динситезаму на мазҳабӣ, ки ба ин чизҳо сахт дода шавам. Мурданам беҳ, ки хомӯш биншинам”-мегӯяд шоир.
Адиба афзуд, дубайтии зеринро дар бораи қатли Фархунда гуфтааст:
Ваҳшиёне, ки маро кушта буданд,
Ҳама дар хуни ман оғушта буданд.
Ман агар зинда будам, мурда шудам,
Ман агар мурда будам, зинда шудам!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |