“Он сӯи ёдҳо”-и Орзу Исоев нашр шуд

Орзу Исоев, хабарнигори шинохтаи тоҷик маҷмӯаи шеърҳояшро дар китобе гирди ҳам овардааст.
Ҷаноби Исоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, китоби ашъораш “Он сӯи ёдҳо” ном дошта, бо теъдоди 1500 нусха дар нашриёти “ЭР граф” ба чоп расидааст.
Муқаддимаи ин китоб ба қалами Исфандиёри Назар, шоир ва мушовири рӯзномаи “ИмрӯзNews” таалуқ дорад. Ӯ дар ибтидои китоб навишааст: “Орзу Исоев солҳо корманди телевизон, муаллифи шӯрангезтарин барномаҳои адабӣ, ҳунарӣ ва хабарӣ буд, дар радиоҳои давлатию хусусӣ барномаҳои ӯ шӯреву ҳангомаҳое барпо мекунанд, ки назирашро кам метавон дид. Орзу яке аз чеҳраҳоест, ки намунаи таронаҳои дилангези муосирро, ки фарогири ашёи малмусу мухтареоти рӯзгори ҳозиранд, барои машҳуртарин хонандаҳои рӯз офаридааст. Таронаҳои Орзу бо садои овозхонҳои шинохтае чун Манижа, Шабнам, Нигина ва ғайра дар саросари кишвар ва берун аз он маъруфу машҳур гардидаанд”.
Исфандиёри Назар дар идомаи китоб навиштааст: “Агар аз теъдоди таронаҳои ошиқонаи ӯ, аз чаҳорпораҳои содаи ӯ сарфи назар шавад, мо ба шоире рӯ ба рӯ ҳастем, ки шӯру шавқи Фурӯғи Фаррухзод, Нодирпур, устод Лоиқ ва шахси худашро дорад. Шеърҳои иҷтимоъии ӯ хело қавӣ, дилнишин, муассир ва нишонрас ҳастанд. Ман аз овардани намунаҳо, ба хотир парҳез аз итолаи калом, даст мекашам, зеро хонанда худ бо мутолиаи нахустин шеъри ин дафтар, ки “Орзу” ном дорад, ба ҷаҳони ботиниву бинишу дониши гӯянда рӯ ба рӯ меояд. Дар ин маҷмуа ашъореро мебинем, ки мешавад аз онҳо саҳнаеро ба навор бардошт (ин худ далели он аст, ки шоир ҳамешаҳо дар даст дурбини наворбардорӣ чеҳраҳову ҳолатҳову ҳаводисро филмбардорӣ кардааст), ашъоре ҳаст, ки худ наққоширо мемонанд, ашъоре ҳаст, ки як румони бузургро дар зеҳ меоваранд. (Масалан шеъри “Он ҷо, ки баргро хабар...”, ки аз кӯдаке чаҳорсола ривоят мекунад – аз шахси худаш). Ончи аз моҷарои муҳоҷирату азияти муҳоҷирон, риҷоли сиёсӣ, вазъи кунунӣ Орзу ба шеър меоварад, ҳамаву ҳама хонданӣ, омӯхтанӣ ва мондагоранд. Бешак, ин китоб ҳам аз туҳафи ибтидои роҳи шоирии ӯст. Аминам, ки ҷиддитарин осори мондагори шоирии ӯро дар оянда мехонем ва симои шоири муътабареро дар оянда шоҳид мешавем”.
Орзу Исоев дар гузашта дар телевизионҳои давлатии “Шабакаи аввал”-у “Сафина” фаъолият намуда, як муддат корманди “Тоҷикфилм” ҳам буд. Барномаи “Суҳбати рӯз”-и ӯ дар радиои “Имрӯз” яке аз сершунавандаҳо буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |