Гуруҳи дигари тоҷикони муқими Яман фардо ба Маскав интиқол мешаванд

Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, то ҳол 17 шаҳрванди кишвар аз қаламрави ҷумҳурии арабии Яман берун шуда, то охири ҳафтари равон як гуруҳи дигар низ марзи онро тарк хоҳад кард.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат рӯзи 3 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин 17 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ду ҳавопаймои Русия, ки шаҳрвандони кишварҳои хориҷро аз Яман берун меоварданд, ба шаҳри Маскав интиқол шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, фардо, 4 апрел низ як гуруҳи дигари тоҷикони муқими Яман тавассути яке аз ҳавопаймоҳои русӣ ба Маскав мунтақил гарданд. Оқои Эгамзод афзуд, бинобар сабаби бидуни мувофиқа рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Яман ҳанӯз теъдоди дақиқи онҳоро намедонанд: “Вале номнависии онҳо ҳамоно идома дорад”.
Хабаргузории Интерфакс рӯзи 2 апрел аз интиқоли шаҳрвандони хориҷӣ тавассути ду ҳавопаймои русӣ аз Яман ба Маскав хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, дар ҳавопаймоҳои аввалин дар баробари шаҳрвандони Русия ҳамчунин шаҳрвандони Белорус, Лаҳистон, Укроин, Узбакистон, Қирғизистон, Конодо, Сербистон, Молдовиё, Литва, Озарбойҷон ва худи Яман ҳам будаанд.
Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз ташкили як гуруҳи корӣ бо раҳбарии Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар Маскав барои интиқоли тоҷикони муқими Яман ба макони бехавф хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, гуфтушунид бо масъулини Вазорати умури хориҷии Русия барои берун овардани сареи тоҷикон аз Яман ба роҳ монда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 март ба тамоми сафоратхона ва намояндагиҳои кишвар дар давлатҳои арабӣ дастур дод, барои берун овардани тоҷикони муқими Яман талош кунанд. Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 27 март бо таъйиди ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон тамоми намояндагиҳои дипломатию консулии кишвар дар давлатҳои арабӣ, аз ҷумла дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Миср вазифадор шудаанд, барои берун овардани тоҷикони муқими Яман аз тамоми имкониятҳои худ истифода кунанд.
Дар пайи оғоз шудани ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ бо муттаҳидонаш ба Яман тоҷикони муқими ин кишвар, ки теъдодашон ҳудуди 800 нафар арзёбӣ мешавад, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, онҳоро ҳарчи зудтар бароранд, чун ҷонашон дар хатар қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |