Озмуни Убайдуллоев барои ишғоли мансаби пешини муовини вазир
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансаби пешини Суҳроб Мирзоев, ки ахиран бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон муовини аввали вазири нақлиёти кишвар таъйин шуд, озмун эълон кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, озмун барои ишғоли вазифаҳои сардор ва муовини сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” аз 2 то 25 апрели соли равон идома ёфта, натоиҷи он то санаи 28 моҳи ҷорӣ эълон хоҳад шуд.
Манбаъ мегӯяд, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаҳои сардор, муовини сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” аз 2 то 25 апрели соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 28 апрели соли 2015 эълон менамояд.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, дар ин озмун ба “довталабоне, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва ё донишкадаҳои хориҷи кишварро бо ихтисоси сохтмони роҳҳои автомобилгард хатм намуда, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, инчунин бевосита ба ҳайси пудратчӣ ва фармоишгари шоҳроҳ, роҳҳои автомобилгарди категорияҳои 1-3 фаъолият намудаанд, афзалият дода мешавад”.
Эълони озмун барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” дар ҳолест, ки то ин дам раҳбарии ин муассисаро Суҳроб Мирзоев бар уҳда дошт. Мирзоев дар пайи як тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 30 марти соли равон муовини аввали вазири нақлиёти кишвар таъйин шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |