Бахшҳо

ВИДЕО: Кӯмакхоҳии Маснавшоҳ, падари се кӯдак: Наҷотам диҳед!

Наздикони Маснавшоҳ Муминшоев, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, ки аз бемории гурда ранҷ мекашад, барои муолиҷаи ӯ аз раисиҷумҳур, Вазорати тандурустӣ ва тамоми мардуми кишвар кумак мехоҳанд.

Ҷаноби Муминшоев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тибқи ташхиси беморон ҳар ду гурдаи ӯ бояд фавран иваз карда шаванд. Ӯ мегӯяд, дар Русия бемор шуд: “Дар сехи ҳасиббарорӣ кор мекардам. Пойҳоям варам карданд, баъд дарунам ба дард даромад, дилбеҳузурӣ шуд, нури чашмонам ҳам кам шуд. 16 рӯз дар беморхона будам, духтурон гуфтанд гурдаҳоят бояд иваз шаванд ва бо ин табобатҳо муолиҷа намеёбӣ. Билет гирифта Душанбе омадем”.

Ба қавли Маснавшоҳ Муминшоев инак беш аз як сол мешавад, ки дар беморхонаҳо муолиҷа мегирад, аммо духтурон роҳи ягонаи шифо ёфтани ӯро иваз кардани гурдаҳояш гуфтаанд: “Имконият надорам, ҷое кор намекунам. Оиладор ҳастам, соҳиби се фарзанд-як писару ду духтар. Аз шаҳрвандони саховатманди Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ягон кумак расонанд, ки аз ин ҳолат раҳо ёбам”.

Ҳуснибегим Маҳкамшоева, модари Маснавшоҳ мегӯяд, аз вазъи саломатии фарзандаш нигарон аст: “Як сол дар беморхона табобат гирифт, ягон натиҷа нашуд. Аз президенти Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунам, ки барои муолиҷаи писарам кумак намоянд”.

Афроде, ки хоҳиши кӯмак доранд, метавонанд бо падари Маснавшоҳ бо рақамҳои 93 931 55 31 (Мусалламшоҳ) ё бо худи Маснавшоҳ тариқи рақамҳои 93 987 16 26 дар тамос шаванд.




Ё тариқи суратҳисобҳои зерин, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд барои наҷоти Маснавшоҳ кушода шудаанд, кӯмак кунанд:

Филиали ҶСК “Аввалин Бонки Молиявии Хурд” дар шаҳри Душанбе
БИК: 350101821 Ҳисоби муросилоти 20402972118051
Рақами суратҳисоб: 20216972518210028744
Номи Мизоҷ: Садатшоева Нозигул Муминшоева

Интиқол бо доллар:
THE FIRST MICROFINANCE BANK, DUSHANBE. TAJIKISTAN
SWIFT: FMBTTJ22
BENEFICIARY NAME 59: SADATSHOEVA NOZIGUL
BENEFICIARY ACCOUNT № : 20218840618210028745

ИНТИҚОЛ БО РУБЛИ РУСӢ

SWIFT: FMBTTJ22
BENEFICIARY NAME 57: FIRST MICROFINANCE BANK, DUSHANBE TAJIKISTAN
BENEFICIARY ACCOUNT № : 30111810400000000110

Интиқол бо рубл дар Русия
BENEFICIARY BANK 56: АКБ «РУССЛАВБАНК» (ЗАО), МОСКВА, РОССИЯ
Korr. Acc: 30101810700000000685 в Отделение № 4 Московского ГТУ Банка России
БИК: 044579685
ИНН: 7706193043
Ref; Садатшоева Нозигул Муминшоевна
Acc; 20218810618210028746


Ташхис ва хулосаи духтур:

ВИДЕО: Кӯмакхоҳии Маснавшоҳ, падари се кӯдак: Наҷотам диҳед!
Мӯҳр
1
Касе ки тавонад ёрдам дихад бародарон!

Ба журналистон супориш: як бор рафта кори маркази хунтозакуниро, ки барои хаминхел одамхои гурдаашон аз кор мондаги кор мебарад, тафтиш кунед. Шунида будам, ки харкас унча дар як хафта ду-се бор хунтоза мекунанд, хар бораш 100 доллари, аммо нархи аппарат дар хакикат хамаги 40 доллар будаст. Оилахо кашшок мешаван. На танхо ба ин бародар, балки ба тамоми ин хел беморхо ёри расондан даркор. Як бор кори хамунхора санчед, савоб мешавад, журналистони азиз

ман
мархамат пулдрро майдон аз далер аст...хам ислому хам имон...

Султон,
бародар, о аз вай марказ ягон ободи намондай, хама коргароне ки ба хотири пешрави корхона хизмат кардан, хамаро тозаву валангор кард.

Patriot
Худованд шифоят дихад

Рафик аз Точикистон
Ба бародари азиз аз даргохи Худованд шифои комил таманно дорам. Муъчизахои Худованд зиёдаст, иншооллох бародари мо боз сихат шуда, ба болои сари фарзандон бармегардад. Ман як пешниход дорам, ин тачрибаи нав нест. Дар Россия чанд маротиба кардаанд. Ба бонк рафтаву пул гузарондан камтар мушкилтар аст, ба воситаи СМС паёмак мумкин аст маблаги хуб чамъ орвардан. Пешниходи ман.

Mawlon
Бале бародарон агар бо смс ва ба хама расонем ин шо Аллох кумак мекунанд, лутфан аз ширкатхои мобили илтимос ин гуна имкониятро ба у бигуед. Худованд шифои очил бидихад ба шумо!

шодмон
aз Худовaнд тaмaннои шифохи ин бaродaри мусaлонро дорaм.

сино
Тариқи паёмак "смс" барои ҳама дастрас аст.

Рафик аз Точикистон
Ба Мавлон ва дигар бародарон. Ба СМС ба мардум хабар расондан нею як суратхисоб дар ягон ширкати мобили кушода, хар нафар смс равон кунад. Маблагаш чамъ шуда, ба дасти бемордорон расад. Боки Худо хамаро тавфик дихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)