Иршод СУЛАЙМОНӢ
Бо рафтани Муродалӣ Алимардон, яке аз мансабдорони пурнуфуз ва дар гузашта мавриди эътимоди президент дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, аз симмати муовинати сарвазири кишвар, акнун ҳарфи пурсарусадо дар долонҳои ҳукумат ин аст, ки кӣ ҷойи Алимардонро мегирад? Ҷойе, ки Муродалӣ Алимардон баъди ошкор шудани камбуди молиявӣ дар Бонки миллӣ ба он оварда шуд ва Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон ба ӯ ва вазири вақти кишоварзӣ -- Қосими Роҳбар хитоб кард, ки мӯзаҳоро пӯшед ва ба дунболи рушд додани соҳаи кишоварзии мамлакат бошед. Ва баъди ин дастури Раҳмон буд, ки Алимардон ва Қосими Роҳбар бо мӯзаҳои худ дар пардаи телевизион ва дигар расонаҳо пайдо шуданд.
Ҳоло ба унвони фарзияҳои эҳтимолӣ омадани се нафар: Шералӣ Кабиров, директори молиявии КВД “ТалКО”, Нусратулло Давлатзода, раиси феълии Кумитаи андоз ва Суюнхон Рустамов акнун роҳбари собиқи “Агроинвестбонк” ба ҷойи Алимардон сари забонҳост. Ҳамчунин аз нафари дигари мавриди назари роҳбарияти волои кишвар ҳам сухан дар миён аст, аммо шахсияташ барои таҳлилгарон ҳанӯз ошкор нашудааст. Вале шонси кадоме аз ин се номзади эҳтимолӣ бештар аст? Ин ҳам дар ҳоле ки сару садоҳо дар мавриди ҳазфи ин мансаб ҳам вуҷуд дорад.
Аммо дар оғоз дар бораи Алимардон ва мансаби ӯ. Муродалӣ Алимардон, ки миёни мардум бештар бо номи Алимардонов маъруф аст, аз пурҳангоматарин мансабдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз замони раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуданаш то чанд соли пеш буд. Миёни мардум дар бораи дороиҳои ҳангуфти ӯ, раммаҳои зиёди гӯсфанд, галлаҳои бисёри асп, заминҳои бешумор дар водии Ҳисор, токзорҳову боғоти васеъ дар ҳамин водӣ, комбинати бофандагӣ дар ноҳияи Ҳисор (маъруф ба текстили Алимардонов), бонк дар Душанбе (“Агроинвесбонк”, ки ҳамакнун Алимардон раиси он таъин шуд ба таври ғайрирасмӣ ба ӯ мансуб дониста мешавад), инҳисори баъзе намудҳои бизнес дар дасти ақрабо ва нафарони наздик ба ӯ қатрае аз баҳри дороиҳояш дониста мешуданду мешаванд.
Бештар дар бораи Алимардон ин ҳарф зада мешуд, ки ӯ боэътимодтарин мансабдор барои Эмомалӣ Раҳмон аст ва ин зеҳният ҷаноби Муродалиро ба як мансабдори афсонавӣ табдил дода буд. Вале дар поёни соли 2007, баъди аудити Бонки миллӣ аз тарафи ширкати аудитории бритониёии "Ernst and Young", ки роҳбарияти Бонки миллиро ба сӯиистифода аз мақом ва интиқоли 856 миллион доллар ба суратҳисобҳои ширкати хусусии “Кредит-Инвест”, ки махсус ва масъули таъмини молии ширкатҳои сармоягузори хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон будааст, муттаҳам намуд, сару садоҳо давру бари номи Алимардон бештар шуд. Вале дар ин замон Муродалӣ Алимардон, ки гумону тахмин мерафт муҷозот шавад, ба симмати муовини сарвазир боло бурда шуд. Тибқи гузориш "Ernst and Young", ки дар пайи аудити бонки миллӣ нашр кард маблағҳои барои сармоягузории пахтапарварӣ ихтисосшуда ба ширкатҳои бародар, падар ва худи Муродалӣ Алимардон интиқол меёфтаанд ва 221 миллиону 500 ҳазор доллар, ки дар солҳои 2004-2007 ба соҳаи пахтакорӣ гузошта шудаанд, аз ҳисобу китоб берун мондаанд.
Таъин шудани Муродалӣ Алимардон ба мансаби муовини нахуствазир дар ҳоле буд, ки баъди тағйироти сохтории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоботи президентӣ дар соли 2006 мансабҳои муовини сарвазир аз 5 ба 3 ихтисор шуданд. Вале дар январи соли 2008 барои Муродалӣ Алимардон як мансаби дигари муовини сарвазири Тоҷикистон ба қавле “тарошида” шуд, ки мудирияти масоили кишварзӣ, сиёсӣ ва то андозае иқтисодиро дар ихтиёр дошт. Бар асоси қавоиди нонавишта дар сиёсати кадрии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сиёсати кадрии аҳди Шӯравӣ ба мерос мондааст, дар мансабҳои давлатӣ тавозуни ҳузури намояндаҳои минтақаҳои кишвар ба назар гирифта мешавад. Ҳарчанд дар ин авохир ин тавозун чандон риоя ҳам намешавад. Дар мансаби муовинини сарвазири кишвар, ки ҳоло 2 намоянда аз минтақаи Кӯлоб: Давлаталӣ Саидзода ва Азими Иброҳим ва якеи дигар намояндаи минтақаи шимол - Марҳабо Ҷабборӣ мебошанд, нафаре, ки ба ҷойи Алимардон меояд бастагӣ дорад ба ҳамон қоидаи нонавиштаи тавозуни намояндаи минтақаҳо.
Бар асоси ин қоида Алимардон минтақаи водии Ҳисор (ва ҳамин тариқ минтақаи навоҳии тобеи ҷумҳурӣ)-ро дар симмати муовинати нахуствазир намояндагӣ мекард. Акнун гуфта мешавад, касе ки ба ҷойи Алимардон меояд бояд ё намояндаи ҳамин водӣ бошад ва ё намояндаи ВМКБ. Чаро ки то соли 2006 яке аз мансабҳои муовини сарвазир дар ихтиёри намояндаи ин вилояти мухтор буд, ки онро чандин сол Қозидавлат Қоимдодов дар ихтиёр дошт.
Аз номзадҳои эҳтимолӣ ба ин симмат бештарини соҳибназарон омадани Шералӣ Кабиров, директори молиявии КВД “ТалКО”-ро воқеитар медонанд. Чун Кабиров яке аз нафарони наздик ва мавриди эътимоди Ҳасан Асадуллозода, роҳбари “Ориёнбонк” (яке аз бонкҳои бузургтарини Тоҷикистон) ва ҳамчунин додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, дониста мешавад, ки ҷаноби Асадуллозодаро аз нафарони таъсиргузор дар тасмимоти сиёсии ғайрирасмӣ медонанд.
Гузашта аз ин шахсияти Кабиров, ки аз ӯ ҳам ба унвони як тоҷири муваффақ ва як менеҷери эътирофшуда дар Тоҷикистон ном мебаранд мувофиқ ба ин мансаб мебошад. Кадри ҷавон, номзади илми иқтисод ва намояндаи минтақаи Бадахшон. Ҳарчанд баъзеҳо мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ба ҷойи Алимардон касе меояд, ки мутахассиси соҳаи кишоварзӣ (аграрӣ) бошад. Вале худи Алимардон ҳам маълумоти академии кишварзӣ надошт, ҳарчанд раммаҳои зиёди чорво ва галаҳои аспу замину боғоти зиёдашро мардум тавсиф мекунанд. Омадани Шералӣ Кабиров ба ин симмат миёни нафарони наздик ба худи ӯ низ дар чархиш аст ва эҳтимоли зиёди омадани оқои Кабировро яке аз шарикони собиқи тиҷоратияш ба “Озодагон” ҳам воқеӣ хонд. Аммо бо вуҷуди ин гуфта мешавад, ки дар ин авохир мансабдорони мавриди назари ҷаноби Асадуллозода ҳам бар асари ҳузур ёфтани чеҳраҳои нави таъсиргузор дар сиёсати кадрӣ дар курсиҳои худ устувор боқӣ намемонанд. Ин аст, ки сару садои омадани ду номзади эҳтимолии дигар ба ҷойи Алимардон вориди гуфтумонҳо мешавад.
Ду номзади дигар Нусратулло Давлатзода ва Суюнхон Рустамов, ки баъди Шералӣ Кабиров соҳибназарон эҳтимоли омадани яке аз онҳоро пешгӯӣ мекунанд, дар шароите имконпазир аст, ки дуюми аз мансаби мудири “Агроинвестбонк” барканор шуд. Пеш аз Наврӯз ҳам барканор шудани Нусратулло Давлатзода аз мансаби раиси Кумитаи андоз расонаӣ гардид, вале дар ин бора қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон содир нашуд. Акнун сару садоҳое шунида мешавад, ки Давлатзода ба ҷойи Алимардон таъин мешавад. Суюнхон Рустамов, ки эҳтимоли хеле ками таъин шудани ӯро пешгӯӣ менамоянд, танҳо бо як шонс дар рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ қарор гирифтааст, ки дар гузашта муовини вазири кишоварзӣ буд.
Дар ҳамин ҳол соҳибназарон дар мавриди ҳазф шудани мансаби нахуствазир, яъне ҷойи Муродалӣ Алимардон ҳам изҳори назар менамоянд. Ва ин эҳтимол ҳам ба воқеиятҳо наздик аст. Зеро замоне, ки аудити ширкати бртониёии "Ernst and Young" фасодкориҳоро дар Бонки миллӣ фош намуд, гуфта мешуд Алимардон зери фишори Сандуқи байналмилалии пул ва дигар созмонҳои молии байналмилалӣ аз вазифа барканор шуд. Ва таъйини ӯ дар мансаби муовини сарвазир рӯйпуш кардани ин камбудҳои ҳангуфти Бонки миллӣ буд. Ҳоло дигар он “афсона”-и Бонки миллӣ фаромӯш шуд ва рисолати ин мансаб ҳам ба поён расид.
Вале ҳарфи ниҳоӣ дар бораи ин фарзия ва эҳтимолиятҳо ба фармони Президенти Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки дар ҳафтаҳои наздик бояд содир шавад. Коршиносон ҳам ҳадс мезананд, ки сиёсати кадрии Эмомалӣ Раҳмон бисёр пешгӯишаванда нест ва хеле асроромезу печида мебошад.