Убайдуллоев барои Душанбе роҳсози № 1 меҷӯяд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳсоз”-и пойтахт озмун эълон кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин озмун аз 2 то 25 апрели соли равон идома карда, ҷамъбасти он на дертар аз санаи 28 апрел эълон хоҳад шуд.
Манбаъ мегӯяд, ба довталабоне, ки “Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва ё донишкадаҳои хориҷи кишварро бо ихтисоси сохтмони роҳҳои автомобилгард хатм намуда, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, инчунин бевосита ба ҳайси пудратчӣ ва фармоишгари шоҳроҳ, роҳҳои автомобилгарди категорияҳои 1-3 фаъолият намудаанд, афзалият дода мешавад”.
Ин дар ҳолест, ки Убайдуллоев субҳи имрӯз 2 апрел дар пайи як тағйироти кадрии худ дар шаҳрдорӣ Нуриддин Қурбонов, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳсоз”-и шаҳри Душанберо аз симматаша барканор карда, ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино таъин кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |