Нигаронии Э.Раҳмон аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯён дар Русия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз, 2-юми апрел Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русияро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор доштааст, ки “рушди шарикии стратегӣ бо Русия барои Тоҷикистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷӣ барои дарозмуддат аст”.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот доир ба ҳамгироии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифтааст: “Мавзӯъҳои ҳамгироӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Ҷониби Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқии натанҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва ё аз тариқи он ба кишварҳои дигар мераванд, изҳори нигаронӣ намуд”.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, дар вохӯрӣ зикр гардид, 4 санади нав миёни ду кишвар омода шудааст, ки бо ба имзо расидани онҳо бисёр мушкилоти вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия бартараф мешаванд. Ба иттилои манбаъ, бо изҳори қаноат аз он, ки наздики 30% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Русия сурат мегирад, ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мушкилоте низ вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли худро мунтазиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |