Тасдиқи қатли Сумаяи 14-сола дар Миср: Ӯ барои ширинӣ берун рафтааст...
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қатли духтари 14-солаи тоҷикро дар Миср тасдиқ кард.
Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, қатлшуда Сумая ном дошта, соли тавалллудаш 2001 мебошад ва моҳи майи соли 2014 ҳамроҳи модар ва се бародари ноболиғаш ба Миср рафтааст: “Рӯзи 28-уми март Сумая аз модараш хостааст, иҷоза диҳад, ки барои харидани ширинӣ ба мағоза биравад. Одатан ӯ дар давоми 15-20 дақиқа ба хона бармегаштааст, аммо он рӯз баъди ду соат оғуштаи хун ба хона омадааст. Ба суоли модараш, ки чӣ гап шуд, чизе нагуфта, танҳо бо ангуштонаш адади серо нишон додааст. Баъди 20 дақиқаи омаданаш ба хона ҷон додааст”.
Атоев изҳор дошт, ҳодиса дар минтақаи Мадинат-ул-Бууси Қоҳира рух дода, феълан таҳқиқи он идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан пулиси Миср аз шиканҷа ва қатли як духтари 14-солаи тоҷик дар шаҳри Қоҳира, пойтахти ин кишвар хабар дод. Бадир Усома, ёрдамчии аввали вазири умури дохилии Миср гуфтааст, ҷасади ин духтари 14-солаи тоҷик бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз дохили манзили истиқоматияш пайдо шудааст.
Расонаҳои мисрӣ аз қавли Бадир Усома хабар додаанд, ки тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон қабл аз марг мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Бадир Усома таъкид кардааст, ки мақомоти пулиси Миср барои пайдо кардани омилони марги ин духтари тоҷик тамоми талоши худро ба харҷ хоҳанд дод. Гуфта мешавад, ки мақомот феълан як нафари наздики қатлшударо бозпурсӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |