Амири Кувайт ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҷаноби Олӣ, сипоси самимии моро бипазиред
Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Кувайт бо ирсоли як номаи табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ӯро ба муносибати 20 солагии барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар шодбош гуфтааст.
Рӯзи 31 марти соли равон Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат унвонии Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ фиристода буд. Дар номаи ҷавобии амири Кувайт гуфта мешавад: “Бо сипоси беандоза номаи ҳуҷастаи Шуморо, ки зимни он моро ба муносибати 20 солагии барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намудед, қабул кардам. Бо изҳори ташаккури самимӣ ба Шумо барои таманниёти некатон мо низ Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба ин муносибати фархунда табрику таҳният мегӯем ва ҳамзамон аз муносибатҳои неки дуҷонибаи ду кишвари дӯст, ки онро рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву қадршиносиву эҳтироми мутақобила фарогир аст, меболем. Мо талоши бардавом ва муштараки худро баҳри таҳкими ин равобит ва тавсеаи зарфиятҳои ҳамкории муштарак байни ду кишвар ба самтҳои фарохтар, ки дар хидмати манфиатҳои мутақобила хоҳад буд, таъкид менамоем”.
Дар идомаи ин нома омодааст, “бо беҳтарин таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, камоли сиҳҳатмандиву хушбахтӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти он пешрафту шукуфоии комил ва ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯстамон густаришу нумӯи беш аз пешро орзумандем. Ҷаноби Олӣ, сипоси самимии моро бипазиред”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |