Аммо Муҳаббат Ҷӯараева, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов, даъвои айбдоркунандаро ноодилона хонда гуфт, ин ба ягон қонуни роиҷ мутобиқ нест. «Исмоилов бо навиштани мақолаҳояш зуҳуроти номатлуби ҷойдошта дар ҷомеаро инъикос кардаву дар рушди пешрафти ҷомеа чун як рӯзноманигори ҳақиқатнигор саҳм гирифтааст»,- афзуд адвокат. Хонуми Ҷӯраева таъкид кард, ки парвандаи рӯзноманигор Исмоилов аз ҷониби чанд мансабдор «фармоиш»-ӣ ба назар мерасад.
Садриддин Саидов, яке аз дигар аз вакилони дифои Исмоилов мегӯяд, ки дар ҳоле матлабҳои мунташиршудаи Исмоилов аз сӯи Кумитаи истилоҳот ва забони назди ҳукумат ташхис шудаанд ва ҳеч камбудеро дар нигоштаҳои ӯ пайдо накардаанд. Ӯ мегӯяд, мафҳуме, ки таҳти унвони «Командири баталиёни ҳарбӣ» дар мақолааш Исмоилов истифода кардааст ва аз назари ин кумита дар ҳоле таҳқир пазируфта мешавад, ки он аслан танқид набуда, балки ташбеҳ аст ва дар забоншиносии тоҷик аз ин гуна санъати забонӣ имрӯзҳо дар матбуоти даврӣ ба таври фаровон истифода мегардад . Вай гуфт, ки барои Исмоилов, ки ҳеч ҷурми шинохтаи айбдоркунӣ асоси ҳуқуқӣ надорад, бояд бо татбиқи ҳукми сафед аз толори додгоҳ озод карда шавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |