Бахшҳо

А.Салимова: Вазъи саломатии Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳ вазнину нигаронкунанда мебошад

Ашӯрбӣ Салимова, модари вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон, собиқ райиси гумруки кишвар ва сафири пешини Тоҷикистон дар Туркия Ёқубҷон Салимов аз шеваи боздошти фарзандаш дар маҳбас изҳори нигаронӣ мекунад.


Модари генерали собиқ зимни як нишасти матбуотӣ, ки баъд аз зӯҳри имрӯз дар меҳмонхонаи «Авесто» сурат пазируфт, гуфт: «Аз дина рӯз, ки бо бачам дар зиндон дидор доштам, дигар чизе аз гулӯям намегузарад. Ёқубҷон мариз аст, поҳош дард мекунанд, биноии чашмош кам шудааст, одамора хуб дида наметона, як бор духтуро пешаш нарафтаанд». Барои арз кардан, чанде қабл ба назди президент рафта будам, аммо ба ман иҷозаи вуруд надоданд, намедонам бачаи ман чӣ гуноҳ карда бошад, мегӯяд Салимоваи 86-сола.

Маврид ба ёдоварист, Ёқуб Салимов то ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз рӯзи эъломи ҳукми додгоҳ, ки ӯро барои 15 сол равонаи зиндон кардааст, беш аз 8 сол сипарӣ шудааст. Дар ҳукмномаи Салимов бошад омадааст, ки саршавии адои ҷазо аз 21-уми феврали соли 2003 ба ҳисоб гирифта шуда, адо ҷазо дар колонияиҳои ислоҳии низомашон сахт таъин карда шавад. Наздикон ва пайвандони Ёқуб Салимов мегӯянд, чандин бор ба парлумони кишвар, додситонии кулл, додгоҳи олӣ ва вазорати адлия хостори интиқоли ӯ аз боздоштгоҳи муваққатӣ ё, ба истилоҳ СИЗО, ба муассисаи ислоҳӣ шудаанд.

Ба гуфти модараш, Ёқуб Салимов,ки дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад, аз фишори баланди хун, дарди қалб ва ҷароҳате, ки соли 1997 дар Хуҷанд, аснои ҳифзи ҷони раисҷумҳур аз сӯйиқасд бардоштааст, азият мекашад. Ашӯрбӣ Салимова мегӯяд, барои Ёқуб на мансаб ва на курсие лозим нест, танҳо мехоҳад шеваи боздошти ӯ бознигарӣ шавад ва ба дидори ҳамсару фарзандонаш, ки дар ғарибӣ ба сар мебаранд, бирасад.

Ёдрас менамоем, Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ёқуб Салимовро 25 апрели соли 2005 бо ҷароими сангин аз қабили хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб, ки паёмадҳои вазнин ба думбол доштааст, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин генерали собиқи тоҷик аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум гардид. Салимов аз фармондеҳони   Фронти Халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буда, дар соли 1992 дар амри ба сари қудрат овардани ҳукумати кунунӣ нақши умда дошт.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)