АКС: Ронандаи дигар нозири роҳро болои “капот” бардошт (НАВШУДА)
Мақомоти Тоҷикистон алайҳи як ронандаи дигар, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба фармони нозири роҳ итоат накарда, бо суръат ӯро зер кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.
Тавре ба “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, ронандаи мошини ВАЗ 21010 -- Ибодулло Қодиров, сокини 24-солаи Душанбе дар кӯчаи Неъмат Қарабоев қоидаҳои ҳаракатро вайрон карда, аз дар хатти дуюм меистад: “Нозири роҳ аз ӯ хоҳиш мекунад, ки дар ҷои лозимӣ истода, ҳуҷҷатҳоро барои санҷиш пешниҳод кунад. Аммо фирор мекунад ва дар поёнтар нозири дигари роҳ талош мекунад ӯро боздошт намояд. Ронанда, ки ҳуҷҷатҳои лозимӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи ронандагӣ надоштааст, ишораи ин нозири роҳро низ сарфи назар карда, якбора босуръат ба хатти сеюми роҳ гузаштанӣ мешавад ва нозири роҳро, ки ба тарафи ӯ давидааст, зер кардааст. Нозир аз болои капот парида, бо шиддат ба замин мезанад”.
Манбаъ мегӯяд, корманди ҷабрдидаи БДА, Аммонулло Хайруллозода мебошад, ки аз моҳи июни соли 2014 дар назди бозори Султони Кабир ҳамчун нозири роҳ таъин гардидааст ва феълан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ бистарӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе алайҳи ронандае, ки ба фармони нозири роҳ итоат накарда, ӯро дар болои қисмати пеши мошинаш то 100 метр кашола карда бурдааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буд. Мақомоти Тоҷикистон аз ин ронанда, ки дар хатсайри рақами 8 бо мошини “Опел-астра”-аш ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул будааст, Баҳриддини Наҷмиддин ном мебаранд, ки зодаи шаҳри Кӯлоб буда, феълан дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат дорад. Ба иттилои манбаъ айни ҳол ронанда дар боздошт ва воситаи нақлиёташ дар ҷаримагоҳ қарор дорад.
Ин қазия баъди он вирди забон шуд, ки 20-уми март навори кашола кардани нозири роҳ аз ҷониби ронанда, ки дар кӯчаи Айнӣ, дар назди маҷмааи фурӯши “Садбарг” сабт шудааст, дар интернет нашр гардид. Бисёре аз корбарон ин амали ронандаро маҳкум карда, қисме аз ӯ таъриф карда, изҳор доштаанд, ки нозирони роҳ бо фасодкорияшон ронандаҳоро азоб дода, маҷбур ба фирору саркашиҳо мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |