9 соли зиндони Мирзоев барои куштори марди рус
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умедҷон Мирзоев, сокини пойтахтро дар қатли як шаҳрванди Русия гунаҳкор дониста, 9 сол равонаи зиндон кардааст.
Мирзоев дар қатли марди русе айбдор эълон шудааст, ки моҳи октябри соли 2013 ҷасади ӯ бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар яке аз деҳаҳои минтақаи Митиши вилояти Маскави Русия пайдо шуда буд.
Дафтари матбуоти Додситонии кулли Русия дар шарҳи ин хабар навиштааст, тафтишот муайян кард, ки Мирзоев дар ин куштор даст дорад ва аз ин рӯ, алайҳи ӯ моҳи январи соли 2014 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, номаш дар қатори афроди дар кофтуковбуда қарор дода шуд.
Дар пайи ҷустуҷӯи мақомоти пулиси ду кишвар Мирзоев дар Ватан боздошт шуда, ба хотири шаҳрванди Тоҷикистон буданаш аз истирдоди ӯ ба Русия худдорӣ шуда, парвандааш аз сӯи Додгоҳи Синои пойтахт баррасӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |