Бахшҳо
31 мар 2015 18:19Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Қадрдонии Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соати барориши соли 1945

Ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бахшида ба 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар назди оташи фурӯзон дар Тоҷикистон гулчанбар гузошта, шӯълаи ин оташро барои тақвияти оташи ҳамсон дар таҷлили ин ҷашн дар шаҳри Маскав бо худ гирифтаанд.

Ба иттилои ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, дар пайи ин чорабинӣ, ки рӯзи 31 март баргузор шуд, иштирокчиёни тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медалҳои 70-умин солгарди ин ҷашн ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудаанд.

Дар ин чорабинӣ, ки дар боғи Ғалаби пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси парлумони Қазоқистон ҷаноби Жексенбай Дуйсебаев бо ҳамроҳии муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Убайдулло Қурбон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Шӯрои Ветеранҳо Раҳмат Қудратов ва Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Мизроб Саидов ва дигар шахсони ҳамроҳикунанда иштирок кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, нимаи дуюми рӯз меҳмононро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин вохурӣ раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ибтикори Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо соати барои қаҳрамонони Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки барориши соли 1945 мебошад, қадрдонӣ шудааст.
Мӯҳр
Фирдавс
Як идест, ки зарур нест барои Тоҷикистон.

Душанбеги
Мухтарам Фирдавс! Ба фикрам, андешаатон то охир сабт нашудааст. Наход Шумо чунин акида доред? Агар Галабаи соли 1945 намешуд, тасаввур мекунед холи мо, точикистониен, чи мешуд?

мухочир
эй бародар душанбеги, чем русхо немисхо мегирифт бехтар буд, холо сатхи зиндаги дараччаи аъло мешуд.

Салмон
Холи мо точикистон боз хубтар мешуд агар дар зери итоати немисхо мешудем.барои мо фаркаш чи гуломи Али бошем ё аз Вали... Хочаи мо Германия мебду холо хела тараки мекадем чуники немис сад бор аз урусда боаклтар, донатар ва боинсофтар аст ва мухим ин ки бахил нест ба хадди рус...тамои ихтирооти пешрафтаи олам ба русхо не ба немисхо вобаста аст.. аз чумла авалин танкхои зериоби, аввали киштихои зериоби, рентген. ва гайрахо ...немис моро намекушт зеро барои онхо гулом даркор буд мисли русхо...так что мантики бахо гузоред хаводиси таърихро..

Сафар
Убайдуллоев сазовор аст ба хама чи

гариб
мухочир,
Чавоб ба мухочир!
русхо моро садсола фиреб кард холо хам фиреб дорад.
русхо халки худхох хастанд

МУШОХИД
Чаро мардхо заифии худро нишон медихед, аклан размандагони ЧБВ-иро эхтиром кунед? Дар дасти фашист мезадед, авлодат ва хатто худат вучуд надоштй, ин чангро мардуми миллату халкиятхои гуногуни СССР ба пирузи расондааст, на факат русхо. Инро фаромуш накунед, чавонмардхои гофил.мисли укроинхо ва полякхо мехохед таърихро чаппагардон кунед? Таърих, таърих аст, барои доимй мемонад.Лекин муйсафедони чанговари, ки кам шумораашон мондааст, рухафтода ва хиёнат накунед, онхо хам мисли шумо чавон буданд ва аз душман натарсиданду то пирузй расиданд. Ифтихор ба чунин мардони чанговар ва мухофизи ватан! Сар бояд фуруд овард назди онхо!

Ин иди бузург аст. ин идест ки мо онро аз дилу чон эхтиром намоем. чунки худо накунад фашизм яъне немиси гасбгар ки нисфи Европаро зери по гирифта буд галаба мекард мо мардуми Шаркро барои пусти сумкаю туфлихояшон истифода мекарданд.Инро фарзанди ёвари Гитлер Борман гуфта буд. Лек хушбахтона инсоният галаба кард ва мо холо дар руи Замин зиндаги дорем ва баъзе аблахон мегуянд ки ин ид даркор нест ва е немисхои ишголгарро дастгири мекунанд. Лек на хама курнамак аст ва ба голибони ин чанг ва хотири халокшудагонро эхтирому гироми медоранд.ИНСОНИЯТ ба ГОЛИБОН ва ХАЛОКШУДАГОН барои ГАЛАБАи имруз сари таъзим меоранд ва мо хеч гох онхоро фаромуш намекунем. Ба бемаърифатон тавсеа медихам,ки доир ба ин чанг бо фашизм маводхоро бештар хонанд ва ё аккалан филмхо ва гуфторхоро дар ин мавзуъ тамошо кунед ва мафкураи тангатонро васеъ кунед ки сафедро аз сиех фарк карда тавонед.

эй бародаро агар немисхо мегирифтан орд магар 20 сомони мешуд. гуломи али. ин нмисо мегирифтан на урус мемонду на точик католик шида мерафтен. хози боша немисхоро хуб меген нони хурдан надоште ку соли 1945. одаморо дар хамом алов задан ку. ина хози хама озодаи германия бра. ё ягон ердам кардстаи ориёхода. марги падару бобохои мо барои ки будю барои фашизмро нест кардан. китоб хондан даркор. аз тарихи хакики огох шавенд

иди бузурги милатхои СССР аст. мо хеч гох бояд фаромуш накунем захмате ки бо хуну чон овардаанд кадр кунем едовари намоем.
мухочир меги немисхо хубан. охи пайравни немисхо мардуми точика (чорни) гуфта бо арматуру занчир мекшанд ку бо барои ту шорит фарохам меоранд

Он Ки тарихро намедонад, эхтироми ин шахсони киматро намедонад вай инсон нест, шукр гуяд,Ки гуломи фашист нашудааст холо. Он табакаи мардуме, ки ин идро намехоханд, онхо хатто ба ватани худашон хизмат накардаанд. Ин гуна шахсон то хол орзу мекнанд, Ки немиса бобои худ бихонанд.....

БОЗОРШИН
ба мухочиру салмон
Аз дасти ту баринхо Точикон кафо монданду гуломи дигарон. Дар он вакте мо Олимони нест андар чахон доштем ту барин хочапарастони бегона ба АБУАБДУЛЛОИ РУДАКИ ба АБУАЛИ ИБНИ СИНО ба ПАДАРИ КИМИЕ УМАРИ ХАЕМ ва дигар БУЗУРГОНИ ТОЧИК хукм бар куфр задед. ТУ ТОЧИК НЕСТИ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)