Тоҷики сарозершуда аз ошёнаи 7-ум, зинда монд
Муҳоҷири 28-солаи тоҷик дар маҳаллаи Муринои ноҳияи Всеволжски вилояти Ленинград аз ошёнаи 7-ум ба замин сарозер шуда, зинда мондааст.
Тибқи иттилои мақомоти ноҳия муҳоҷири тоҷик дар ҳолати вазнин ба беморхонаи рақами 3-и Всеволжск бо сар, сутунмуҳра ва гарданаки шикастаи рони рост бистарӣ шудааст: “Феълан муҳоҷир дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад”.
Ширкати сохтмоние, ки муҳоҷири тоҷик дар он ба ҳайси коргари қаторӣ барои як моҳ қабул шудааст, ба расонаҳои русӣ иттилоъ додаанд, ки нохушӣ соати 8:30 дақиқа, дар вақти кор рух додааст: “Ӯ аз ошёнаи 7-ум ба замин сарозер шуда, болои тӯдаи партов афтида, зинда мондааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |