Бахшҳо

Эшони Нуриддин сатрро фарзу ранги сиёҳро савоб хонд

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо дар пайи дастуру супоришҳо алайҳи “бегонапарастӣ” миёни занон дар Тоҷикистон ба ин масъала дахл карда, таъкид кардааст, ки ҳиҷоб ва сатр моли ягон миллат набуда, моли Ислом ва фаризаи илоҳӣ аст.

Ӯ ин нуктаро дар посух ба суоли Одил, яке аз корбарони торнамои Тurajon.org изҳор доштааст, ки аз ин руҳонӣ пурсидааст: “Оё либоси сиёҳ сатр ҳисоб мешавад ва чӣ гуна рангҳо барои либоси сатр дуруст аст, чун ҳоло сатрро либоси бегона гуфта, бо сатрпӯшҳо мубориза мебаранд?”

Эшони Нуриддин дар мавриди ранги ҳиҷоб изҳор доштааст, ки дини Ислом як навъ рангро ҳатмӣ накардааст, вале дар мазҳаби ҳанафия пӯшидани ҳиҷоби сиёҳ савоб аст: “Дар мавриди ранги сиёҳ дар Фатвои ҳиндия ҷ 5 саҳ 330,, яке аз фатвоҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ, ки мо мардуми Тоҷикистон пайрави ин мазҳаб ҳастем, чунин омадааст: Пӯшидани ранги сиёҳ мустаҳабб аст. Дар аҳодиси саҳеҳ низ ворид шудааст, ки занҳои саҳоба ҳиҷоби сиёҳ доштанд. Ҳазрати Умми Салама мегӯяд: Вақте ояти ҳиҷоб нозил шуд, занҳои ансор бо либоси сиёҳ аз хонаҳояшон мебаромаданд. (ривояти Абудовуд).”

Ба қавли Эшони Нуриддин, либоси исломии занон баъзе шарту меъёр дорад, ки бояд онҳо риоя шаванд. Ӯ мегӯяд, ҳиҷоб бояд ба ҷуз руй ва ду кафи дастон, тамоми бадани занро пӯшонаду тангу тунук ё рангҳои назарҷалбкунанда надошта бошад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи равон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст ва аз мақомоти кишвар даъват намуд, ки миёни мардум бештар либосҳои миллиро тарғиб кунанд: “Меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.

Дар пайи ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Мӯҳр
сатр
Офарин ба шумо домулло Нурдинчон, Худо баракатат бта. Ростша гуфти.

Мухлиси шумо
дар точикистон аз хак гуён танхо шумо мондед Худованд шуморо нигох дорад бобои Эшон

муосиръ
Ба хар коре ки мешавад, бояд ин домуллохо чунин посух диханд. Чунки дигар вазифа надоранд.

сабо
Президент агарчи президент хам бошад бояд дар масъалае ки илм надорад набояд дахолат кунад, зеро обрурези мешавад ва боз зулм ба мусалмонхо.

Сапеда
Ранги сиёх ки савоб бошад, худат чаро либоси сиёх намепуши.
аслан мардуми мо дигар аз бекори намедонад чи кор кунад. дар оила хамон падару модар медонад ба фарзандаш чи гуна либос пушонад. ин муллою амри маъруф дар асри 6-7 буд. илтимос кори худатонро кунед. хамин Точикистон дар дасти шурави мусулмониро дида буд,

Ба пеш, ба суи асри 7, домулло Нуриддинчон.

Худо нигахбоатон Эшон хакашро фахмондед

Geneva
Сапеда! гап оиди либоси зан рафта истодааст, шуур дори?
Хак бар чониби Эшони Нуриддинчон аст. Худо нигахбонатон бошад!

Сапеда,
Бале рост гуфти бародар дар даврони Шурави аслан комунистон аз хамин хел мулохони фатводехи мо мусалмонтар буданд, чунки хак кор мекарданду аз хисоби мехнати халоли худашон зиндагиашонро пеш мебурданд на ин ки аз минбари боло нишаста бо як ду сухани росту дуруг кисаву касру кушк намесохтанд

Ба ин мулло Нуридинчон фарк надорад, ки занхо бо либоси мусулмони ба чи корхо машгуланд, пушанд шуд. Аммо, бояд донист, ки либоси исломиро пушиди бояд ба хамон хос рафтору кирдор дошта боши. Мулло бояд оиди баъди пушидани хичоб бояд чи гуна рафтор доштан сухан мекард, аммо афсус.


Одил метавони ба асри 22 пеш рави МО ба шумо кор надорем рафтан гиред урён гардед .МО ИншоАллох дар асри 6-7 меистем

Фаранчи
Ин далели овардаи эшонбобо таклид ва пайравии куркурона аз арабхо.Охир ба миллату мардуми точик чи дахл дорад,ки занони Ансор,занони Мухочиронро чи тавр пешвоз гирифтанд.Ин таклиди ошкоро ба либоси барбархо аст-Эшонбобо! Чашм бикшо чу окибатбинон,Бингар холи зори Фархундаро.Фанатизми дини на ба босатр рахм мекунаду на ба бесатр. Озодагон! агар озодаи?!-чоп!

Муосиръ аз ин Хазрата савол доданд чавоб додаст

МУҲАММАД ХОВАЛИНГ
ИЛТИМОС ОЗОДАГОН ЧОП НАМО ДАРДИ ДИЛИ МАРДУМИ АЗОДИДАРО.
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ АҲЛИ МУСЛИМИН.
БА РОСТИ БАЪЗЕ АЗ МАРДУМОН ЧУНОН ДАР ГУМРОҲИЯШОН ҒУТТАВАР ШУДААНД, КИ СУХАНИ ГУФТАРО ХОНДА АЗ ПАШША ФИЛ МЕСОЗАНД. ИН БАРОДАРАМОН ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН МЕГУЯД, КИ ЛИБОСИ СИЁҲ ПУШИДАНАШ САВОБ АСТ. АММО НАМЕГУЯД, КИ ЭЙ САПЕДА МИСЛОН ЛИБОСИ СИЁҲ ПУШЕД. ЯК ДУРУСТАР ИЛМРО АЗ ХУД НАМОЕД.
ВА ЧИЗИ ДИГАР ИН КИ ИН БАРОДАРАМОН ДАР МАСОИЛИ САТР ГУФТАҲОИ ХУД НА, БАЛКИ ГУФТАҲОИ АЛЛОҲИ БУЗУРГАМРО ГУФТА ИСТОДААСТ. ДУОГУЯ ХУДОВАНД ПАРДАИ ЗУЛМОТРО АЗ РУЙИ БАНДАГОНАШ БИРАҲОНАД. АЛЛОҲ НИГАҲБОНАМОН БОШАД.ОМИН.ОМИН.

Бобои эшон Худованд нигох бонат боша шумо фахри милати Мусалмони Точик хастн мо фахур мекунамки Эшони Нуридинчон дорем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)