АКС: Баҳси қурби сомонӣ, даъвати наваскарон ва офатҳо дар ҷаласаи ҳукумат
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 31-уми март дар ҷаласаи ҳукумат масоили марбут ба даъвати баҳории наваскарон, қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ ва тайёрӣ ба офатҳои табии баҳориро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла хостори назорати қурби пули миллӣ ва пешгирӣ аз сӯйистифода ва қаллобиҳо дар бозори нақд шудааст: “Инчунин доир ба вусъат додани киштукори баҳорӣ ва истифодаи босамари заминҳои корам, ба кор даровардани пойгоҳҳои барқии обкашӣ, омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои сифати татбиқи лоиҳаҳои давлатии инвеститсионӣ, ба низом даровардани истифодабарии роҳҳои мошингард, хусусан роҳҳои навсозишуда, афзун намудани истеҳсолоти саноатӣ, тайёрии ҷиддӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии баҳорӣ ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезиш супоришҳои мушаххас дода шуд”.
Манбаъ мегӯяд, зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи то соли 2020 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд: “Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон, мебошад”.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур афзуд, ки дар ин ҷаласа низ масоили тақсими қитаъҳои замини назди ҳавлигӣ ба сокинони ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор баррасӣ шуда, барои ба аҳолии ниёзманд ба замини ин минтақаҳо замин ҷудо карда шуд.
Инчунин дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, дар баробари лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба қонунҳо “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |