Бахшҳо

Боздошти мансабдори Кумитаи амният дар маркази Душанбе

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон як афсари Кумитаи амниятро дар он айбдор мекунад, ки ҳамчун шахси мансабдор пора гирифтааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод лейтенанти калон, Сабурӣ Шарафзода Асадулло, ваколатдори оперативии шӯъбаи Кумитаи давлатии амният дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҳамчун шахси мансабдор барои наандешидани чораҳои қонунӣ нисбати шаҳрванд “А” аз ӯ маблағи 5 ҳазор доллари амрикоиро ҳамчун пора талаб намуд: “Ҳангоми гузарондани чораҳои тафтишотӣ рӯзи 23-юми март дар кӯчаи Нисор Муҳаммади шаҳри Душанбе Шарафзода баъди аз шаҳрванд “А” шахсан гирифтани 2 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт гардида, далелҳои шайъӣ аз ӯ мусодира шуданд”.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, фаълан масъули Кумитаи амният дар боздошт буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки баъди ба раёсати Оҷонсии зидди фасод омадани Рустами Эмомалӣ, ки ду ҳафта қабл сурат гирифт, хабарҳо дар мавриди боздошти масъулини мақомоти Тоҷикистон аз ҷониби ин ниҳод бештар шуданд. Аз ҷумла ахиран ду масъули воломақоми Агентии назорати зидди нашъа бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт гардиданд.

Аммо коршиносон мегӯянд, ин ҳолатҳо ҳанӯз наметавонанд далели пурзӯр шудани мубориза бо фасод дар мақомоти давлатӣ бошанд ва чунин эҳтимолият ҳам вуҷуд дорад, ки барои намоиш додани натиҷаи кори роҳбарияти нав чанд боздошти “намоишӣ” сурат гиранд.
Мӯҳр
кулоб 15
786
Инро монен бчаспен сатру либосу хичоб бояд рангша иваз кунем мода махкул нест, на сатр на рангаш. Ин праблемаи асоси аст моро сер мекунаду ба чои кор таъмин мекунад.
хичобу сатри модари точик либоси терористи аст чомеаро ноамн мекунад. Порагири ришва нея замонави мекунаду мо чомаи пешрафтатар мешем бо миниюпка ва ришваю бекорию гадои аз ин кишвару он созмон.
аммо харруз чинояту порахури порагирии мансабдорон чомеаро оромиш мебахшад. Чавононро ба чои кор таъмин мекунад.
Мо пешрафти бо шиками сер, чои кор, мувофикем, аммо пешратфе ки гушна бошем, хонавайрон, мухочирипул, бе свету бе газу бекору бесаводу ва... бошем харгиз намехохем. Бо либоси аврупои пушидан сер намешем проблемахоям кам ё нест намешаван.

Ин Точикистон дигар тинч намешавад .Барои он ки хандаовар аст .Охир хама вазифаро мехаранд .Пул сарф мекунанад .Ин пула кор кардан даркор .Кани ки мегуяд дар Точикистон вазифа бе пул аст .Барои хамин фоида надорад Гоиб пула гирифт вазифара дод .Хозир дар Рустам пул даркор бо одами худашро мемонад Ин хама мазхака аст Як кас аз падараш пурсидаст рвезиёр фочиа хаст ё мазхака .Агар худи бошад мазхака.Бегона бошад фочиа.

ман
То даме, ки чавобгари барои чиноятхои иктисоди сангин нашавад коррупсия аз байн намеравад. Бубинед дар Точикистон барои чинояти иктисоди чарима мешаванд ва тамом, мансабдор инро медонад ва бемалол ришва ситонидан мегирад чунки барои ин кор уро сахт чазо намедиханд. Дар кишвархои пешрафта сангинтарин чавобгари барои чинояти иктисодист. Барои мисол мансабдор дар Чин медонад, киагар ришва ситонад ва даст ба чинояти иктисоди занад уро катл мекунанд ва хичгох рох намедихад. Ин омил дар навбати худ асос барои рушди иктисоди миллии кишвараш мешавад. Мо садхо бор дидаем, ки мансабдорони мо милион медузданду бо пардохт кардани 100 доллар аз чавобгари озод мешаванд. Конунгузори дар ин самт, яъне чавобгари барои чиноятхои иктисоди ва характери коррупсиони дошта бояд хатман бозбини шавад. Ман бовар дорам, ки Рустами Эмомали хампчун кадри чавон ва болаёкат ба ин масъала хатман дахл мекунад. Рустамчон кадрхои чавону кордонро дар атрофат чам кун корат натича медихад.

Саид
Ман фикр мекунам агар сади рохи порагириро хамингуна гиранд порагирон пораро зиётар мегиранд, чун ки бахонаи таёр аст барои порагирон ва мегуянд кор мушкиласт проверка рафтеста мекапан хулоса пула бисёртарте., Мисли соли 2005 буд хато накуна президент аз ришвагирии омузгорони Донишгохо интикод карда буд пас аз хамон вакт стафкаи пули имтихонхо боло рафт...

ааа
Шери нар малумай, ки кор кадест!!!

Шарафзода Сабур, яке аз шахсонес, ки барои Ватан чонашро фидо мекунад, лекин монанди ин кормандони макомот ба монанди ин шахсхоро зери хатар мемонанд, ва гуё натичаи кори науданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)