Э.Раҳмон: Пирӯзии Каримов натиҷаи роҳбарии хирадмандона аст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як барқияи шодбошӣ Ислом Каримовро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентии Узбакистон табрик гуфтааст.
Бино ба иттилои торнамои расмии президенти Тоҷикистон, дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад, “Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бипазиред".
Дар идомаи ин барқия омадааст: "Мо ин муждаро бо изҳори қаноатмандӣ қабул намудем. Аз нав интихоб шудани Шумо далели эътимоди воло ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи дар самти рушди ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон равонашудаи Шумо, таҳкими иқтидору баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми он мебошад".
"Мо мутмаин бар онем ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа, ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии кишварҳо ва халқҳои мо гардида, бо намунаҳои нави ҳамкориҳои судманд ғанӣ мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон пурра омода аст барои анҷом додани ин кори хайр тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад",-гуфта мешавад дар ин номаи табрикӣ.
Масъулини Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон рӯзи 30 март дар пайи як нишасти хабарӣ эълон кардаанд, Ислом Каримови 77-сола дар интихобот наздик ба 90 дарсади раъйи овоздиҳандаҳоро соҳиб шудааст.
Ислом Каримов 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз соли 1989, вақте котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ шуд, Узбакистонро раҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ президент интихоб гардид ва дар чанд интихоботи раёсатҷумҳурие, ки дар кишвараш баргузор шуд, дастболо гардид. Каримовро дар Тоҷикистон ба унвони рақиби сарсахти бунёди неругоҳи “Роғун” мешиносанд. Дар масъалаи истифодаи об Тошканд ҳамеша бо Душанбе ихтилофи назар дорад. Боздошти қаторҳо, мошинҳои молу коло дар қаламрави Узбакистонро ҳам ба ҳамин ихтилофҳо рабт медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |