Боздошт ва ҳукми зиндони Собиров баъд аз 5 рӯзи раҳоияш
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Умар Собиров, сокини пойтахтро, ки ҳамагӣ баъд аз 5 рӯзи раҳоияш аз маҳбас ба иттиҳоми дуздӣ боздошт гардида буд, ба муҳлати 2 солу 8 моҳ равонаи зиндони низомаш шадид кардааст.
Ба иттилои торнамои расмии додгоҳ, Собиров дар дуздӣ ва азхудкунии 400 доллари амрикоию 40 сомонии Меҳрангез Сафарова, як шаҳрванди кишвар муҷрим эълон шудааст. Манбаъ мегӯяд, Умар Собиров рӯзи 23 августи соли 2014 дар дохили микроавтобус ҳамён ва корти бонкии Сафароваро бо шумули 400 доллари амрикоию 40 сомонӣ медӯздад. Вале каме баъд аз сӯи шаҳрванд - Суҳроб Раҳимов дастгир ва ба мақомот таслим мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои масъулини додгоҳ, Собиров 29 марти соли 2012 ба иттиҳоми дуздӣ ба муҳлати ду солу шаш моҳ равонаи зиндон шуда, 18 августи соли 2014 ба озодӣ баромада буд. Дафтари матбуоти Додгоҳи ноҳияи фирдавсӣ афзудааст, ки Собиров ба амали хеш ҳангоми баррасии парванда иқрор шуда, ба муҳлати 2 солу 8 моҳ дубора равонаи зиндон гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |