Фармони президент барои даъвати ҷаласаи аввали Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи аввали аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 17 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Тавре дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати панҷумро 17 апрел муайян кардааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон 6 узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистонро, ки бар асоси қонунгузорӣ аз ҷониби раисҷумҳур интихоб мешаванд, эълон кард.
Ба иттилои манбаъ, Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; - Хайрулло Сафарзода – директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун; - Саодат Аминҷонова – муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникии шаҳрии №1, ба номи С.Урунови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд; - Меҳринисо Бобобекова - раиси бунёди байналмилалии Хубони порсигӯ; - Мурзабай Ҷошбаев – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; - Абдурасул Насимов – раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ узви нави Маҷлиси миллӣ таъйин шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |