АКС: Боздошти Турсунов баъди ду рӯзи фирор аз “СИЗО”
Турсунов Исфандиёр, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ки дар таҷовуз ба номус муттаҳам мешаваду рӯзи 28-уми март дар роҳ ба СИЗО аз дасти маъмурини пулиси Тотористон фирор карда буд, имрӯз, 30-юми март боздошт гардид.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тотористон Турсунов зимни интиқол ба боздоштгоҳи рақами 1-и Қазон, дар буриши кӯчаҳои Аҳтямову Тукай аз дасти пулис фирор карда буд, аммо имрӯз, 30-юми март баъди дарёфти иттилоъ дар мавриди ҷои будубошаш боздошт гардид: “Зимни боздошт, муттаҳам талош кард, ки фирор кунад ва аз ошёнаи 7-уми биное, ки дар он қарор дошт ба 5-ум фаромада, тирезаи хонаи бегонаро шикаста, дар он паноҳ бурд. Маъмурин Турсуновро дар ин хона дастгир карданд”.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тотористон баъди фирори Турсунов, ӯро дар тамоми қаламрави Русия мавриди кофтукоб қарор дода, аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи ҷои будубоши ин фирорӣ иттилоъ доранд, дархост карда буд, ки ба шуъбаи пулиси Қазон, бо рақамҳои (843) 533-16-05 ё (843) 294-55-19 занг зананд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |