Ғолибияти муҳассилини литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар озмуни байналмилалӣ
Хонандагони литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркии Тоҷикистон дар ду озмун, Олимпиадаи 14-уми байналмилалии риёзии “Роҳи абрешим” ва Олимпиадаи 27-уми Осиё ва Уқёнуси Ором аз риёзӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Камолиддин Кличев, хонандаи синфи 11-и интернати муштараки тоҷикӣ-туркии Хоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии риёзии “Роҳи абрешим” сазовори медали тилло ва Фарух Каримову Бобиев Собирҷон, ҳар ду ҳам хонандагони ҳамин муассиса, ба гирифтани медали нуқра сазовор гардиданд.
Фаррух Каримов дар Олимпиадаи Осиё ва Уқёнуси Ором аз риёзӣ ба гирифтани медали нуқра ва Собирҷон Бобиев ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб шуданд.
Дастаи литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ, ки дар ҳайати 6 нафар дар ин озмун иштирок карда буданд, соҳиби дипломи махсуси ин ду озмуни байналмилалӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |