Кушта шудани ду солхӯрда дар роҳҳои Рӯшону Хуросон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки рӯзи 28-уми март зимни садамаҳои нақлиётӣ ду пиёдагарди солхӯрда, яке дар ноҳияи Рӯшон ва дигаре дар Хуросон ҷон додаанд.
Манбаъ мегӯяд, ронандаи 54-солаи “Опел Астра” аз ноҳияи Қубодиён, зимни ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба тарафи Қӯрғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, шаҳрванд Раҳматов Р., сокини 82-солаи ҷамоати деҳоти Оби-киикро зер намудааст: “Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, ҳодисаи маргбори дигар дар ноҳияи Рӯшон рух додааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, Сарабеков С. соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Рӯшон, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи мазкур ба самти деҳаи Дерзуд аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шакархонов Б. соли таваллудаш 1941, сокини деҳаи Дерзудро зер кардааст: “Дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |