Бахшҳо

(ВИДЕО) Қосим Бекмуҳаммад: Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии шумораи аввал ба ҳисоб меравад

Тоҷикистон дар пайи ҳамла ба осмонхарошҳои Амрико, ки баъдан бо номи ҳодисаи 9/11 маъруф шуд, “сиёсати дарҳои боз”-ро пеш гирифт. Ҳадаф аз роҳандозии сиёсати дарҳои боз барқарор намудани равобити муассир бо кишварҳои ҷаҳон ва минтақа гуфта шудааст. Ҳоло, 14 сол аз эъломи ин сиёсат сипарӣ мешавад. Инҷо ба ибораи “шарики стратегӣ” мерасем, ки бо ниҳоде бо номи “Маркази тадқиқоти стратегӣ” гиреҳ мехӯрад. Бо вуҷуди доштани “Маркази тадқиқоти стратегӣ” ва мушаххас шудани шарикони стратегӣ Тоҷикистон ҳатто бо ин шариконаш дучори мушкил аст. Мушкилоте, ки гуфта мешавад ҳалношуданианд. Дар “Баҳси бештар”-и хабарнигори “Озодагон” – Сайф САФАР ва коршиноси тоҷик -- Қосими БЕКМУҲАММАД ҳамин мавзӯъҳо дар миёнанд.


СИЁСАТИ ДАРҲОИ БОЗ БАРОИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН ЯК ШАРТИ ҲАТМӢ БУД

Озодагон: Чаро Тоҷикистон роҳи сиёсати дарҳои бозро пеш гирифт?

Қосим БЕКМУҲАММАД: “Тавре шумо ишора кардед, дар ибтидои даҳаи аввали соли 2000-ум сиёсати дарҳои боз дар Тоҷикистон оғоз ба амалӣ шудан кард. Қабл аз ин ба шароити дохилии Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунем мо даргири ҷанги таҳмилии дохилӣ будем. То барқарории сулҳ ва ниҳодҳои давлатдорӣ замони кофӣ лозим буд. Баъд аз он ки сулҳ дар кишвари мо барқарор шуд, ба сохтани ниҳодҳои лозимаи давлатдорӣ, аз ҷумла таҳкими вазорати корҳои хориҷӣ, эҷоди сафоратхонаҳо ва намояндаҳои консулӣ ва иқтисодӣ дар хориҷ иқдом кардем ва ба марҳилае расидем, ки сиёсати дарҳои боз ногузир буд. Ба хотири ин ки тайи даҳаи аввали истиқлол авлавият ва афзалияти сиёсати хориҷии мо ба сурати умда Русия буд. Вале ин сиёсат то ҳудуде даступогир буд. Тоҷикистонро дар заминаи сиёсати хориҷӣ маҳдуд карда буд. Мо баъд аз даст ёфтан ба сулҳ ниёз ба пешрафт ва тавсеъаи иқтисодӣ ва иҷимоӣ доштем. Барои барқарор кардани шароит ва мушкилоти зиёде, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ ба вуҷуд омад, бояд имтиёз ва кумак мегирифтем. Сиёсати дарҳои боз ба маънои сиёсате, ки ҳам боз ба маънои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва ҳамчунин сиёсӣ буд. Ин сиёсат сиёсати маъқул ва дорои тавҷеҳ буд. Яъне, сиёсати дуруст буд. Ба хотири он қи қабл аз мо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ва думбол мекарданд. Ҳеч кишваре дар сиёсати хориҷии худ дар Осиёи Марказӣ худро фақат пойбанд ба як меҳвари хориҷӣ накарда буд. Мо низ дар ибтидои даҳаи аввали 2000-ум оғоз кардем дар канори Русия ҳамчунин бо бозигарони муҳими арсаи байналмилалӣ ва минтақаӣ тамосҳо хуб барқарор кардем ва натиҷаи он ин шуд, ки дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ба унвони як кишвари дорои субот ва кишвари рӯ ба пешрафт шинохта шуд. Ин як воқеъият аст, ки мо аз он наметавонем сарфи назар кунем. Ба иборати дигар, сиёсати дарҳои боз барои давлатдории муосири Тоҷикистон як шарти ҳатмӣ буд, ки давлат ва мақомоти Тоҷикистон ба сурати саҳеҳ ин сиёсатро баргузиданд”.

Озодагон: Шумо ба натиҷаҳои мусбат аз сиёсати дарҳои боз ишора кардед. Вале дар доираи соҳибназарон ин назар ҳам матраҳ аст, ки барои кишваре чун Тоҷикистон инчунин сиёсат он қадар мувофиқ нест. Ба ин маънӣ, ки Тоҷикистон он зарфиятро надорад, ки бо кишварҳое мисли Чину Русия сиёсати дарҳои бозро эълон бикунад...

Қосим БЕКМУҲАММАД: “Ман бо ин назар мувофиқ нестам. Ба хотири ин ки сиёсати дарҳои боз ин маъноро надорад, ки ин дарҳо ба сурате боз бошанд, ки ҳар касе бо нияте манфӣ ё нияти ғайрихайрхоҳона бихоҳад ворид бишавад ва ин ҷо барои худ заминаи мусоиди фаъолиятро дошта бошад. Ончӣ шумо ишора мекунед ин тасаввурро ҳосил мекунад, ки сиёсати дарҳои боз боиси сарозер шудани кишварҳои мухталифи дунё ба Тоҷикистон шудааст. Ин тавр нест. Ҳатто, агар мо сиёсати дарҳои бозро эълом намекардем боз ҳам инҷо ҳузури кишварҳо ва бозигарони муҳими арсаи байналмилалӣ ва минтақаиро медоштем. Имрӯз ҳам тарафҳои аслии хориҷии Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳои Осиёи Миёна бо ҳам ҳеч тафовуте надоранд. Русия, Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Ирон, Туркия, Ҳинд, Покистон ва бархе дигар аз кишварҳо авлавият ва афзалияти сиёсати хориҷии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Бинбар ин баҳси ҳамвазнӣ дар сиёсати дарҳои боз ба назари ман тарҳи чандон дурусте нест. Зеро кишварҳое, ки тарафи мо дар чорчӯби сиёсати дарҳои боз ҳастанд, аз зарфиятҳои мухталиф бархурдоранд. Яке дорои зарфиятҳои болои сиёсӣ аст, яке аз назари иқтисодӣ ва тиҷорӣ тавони лозимро дорад. Яке дигар аз назари масоили низомӣ ва амниятӣ ҳамкор ва шарики мо мебошад. Кишварҳои дигаре дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ дорои зарфиятҳое ҳастанд, ки мо аз онҳо то ҳудуде тавонистем баҳрабардорӣ бикунем. Бинобар ин ман фикр мекунам, ки сиёсати дарҳои боз барои ҳам кишварҳои ҳамсанг ва ҳамвазни мо вуҷуд дошта метавонад ва ҳам барои қудартҳои чи ҷаҳонӣ ва чи минтақаӣ”.

Озодагон: Чун боз ҳам ба ҷанбаи мусбати сиёсати дарҳои боз ишора кардед, мехостам мисол бизанед, ки мо дар доираи сиёсати дарҳои боз мушаххасан ба чӣ чизи мусбате даст пайдо кардем?

Қосим БЕКМУҲАММАД: Бо он ки бархе аз сиёсатмадорон ва коршиносони сиёсии хеле наздик ба доираҳои расмии Кремлин сиёсати дарҳои бози Тоҷикистонро ба маънои фосила гирифтан аз Русия медонистанд, мо тайи ҳудуди якуним даҳаи пайгирии ин сиёсат равобити худамонро бо Русия тавонистем дар сатҳи хуб ва матлуб ҳифз кунем. Равобити мо бо Русия, албатта, яксон нест. Яъне, ҳассосиятҳое, ки Русия дар баробари сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон дошт, коҳиш пайдо карданд ва имрӯз дар сатҳи расмӣ аз ин сиёсат нигаронии хосе дар Тоҷикистон надорад. Ҳарчанд дар сатҳи бархе аз намояндагони парлумон, сиёсатмадорон, коршиносони сиёсӣ ва амниятии Русия ҳарфҳое зада мешавад, ки сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро таҳти суол қарор медиҳад. Вале, мо дар канори Русия равобити хубу ҳасана бо Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, бо Ҷумҳурии Исломии Ирон, Туркия, Ҳинд, Покистон, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барқарор кардем. Ҳифзи тавозун ва таодул дар равобити хориҷии мо нишондиҳандаи натиҷаи мусбати сиёсати дарҳои боз аст. Агар тасаввури мо ин бошад, ки ба маҳзи эъломи сиёсати дарҳои боз мо ба тавсеъаи бисёр зуд ва сареъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ даст пайдо мекунем, ин тасаввур тасаввури дурусте нест. Зеро ҳаргуна рушд ва тавсеъа заминаи дохилӣ мехоҳад. То замоне заминаи дохилӣ фароҳам набошад кумак ё мусоидати хориҷӣ ба натоҷи матлуб даст пайдо намекунад. Бинобар ин дар ин баҳс, ки то куҷо дар рушди сатҳи тавсеаи дохилии Тоҷикстон ин сиёсат ва ҳамкорӣ бо тарафҳои хориҷӣ таъсиргузор будааст, баҳси ҷудогона мебошад”.



ДАР ХЕЛЕ АЗ ЗАМИНАҲО МО ВА РУСҲО БО ЧОЛИШ ВА ТАҲДИДОТИ МУШТАРАК РӮ БА РӮЕМ

Озодагон: Дар Тоҷикистон масъалаи шарики стратегӣ дар доираи коршиносн як мавзӯъи доғ боқӣ мондааст. Шумо бигӯед, ки як шарики стратегӣ бояд чӣ гуна бошад ва таърифи Шумо аз шарики стратегӣ чӣ аст?

Қосим БЕКМУҲАММАД: “Кишварҳое, ки бо ҳам шарики стратегӣ ҳастанд, бояд дорои манофеи муштарак бошанд. Яъне, ин кишварҳо дар робита ба манофеи геополитикӣ ва геоиқтисодӣ бояд бо ҳам таззод надошта бошанд. Кишварҳои шарики стратегӣ бояд дар равобити худ мушкилоти ҷиддӣ надошта бошанд. Масалан, иддаоҳои марзӣ ва сиёсӣ, ки метавонанд ҷанбаи таърихӣ ва фарҳангӣ дошта бошанд. Ҷанбаҳое, ки ба ифтихороти таърихӣ ва тамадуни баргардад, ки ин пешзаминаи ихтилоф ҷомеаҳои ин кишварҳоро метавонад фароҳам кунад. Шарикони стратегӣ метавонанд дар баробари доштани имконот ва фурсатҳои муштарак ҳамчунин дорои таҳдидҳои муштарак бошанд. Дар баробари ин фурсатҳо ва таҳдидҳо ба сурати ҳамоҳанг чи дар арсаҳои миллӣ ва минтақавию байналмилалӣ иқдом кардан аз шохисҳои вуҷуди мушорикти стратегӣ байни кишварҳост”.

Озодагон: Давлат Тоҷикистон мушаххас кардааст, ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон аст. Яъне, бо ин таърифе, ки Шумо аз шарики стратегӣ доштед, метавон гуфт байни Тоҷикистон ва Русия ҳеч мушкиле нест, ки мушорикати стратегии ин ду кишварро ба чолиш бикашад?

Қосим БЕКМУҲАММАД: “Русия ба далоили воқеъӣ барои имрӯзи Тоҷикистон шарики стратегӣ ва ҳатто шарики стратегии шумораи аввал ба ҳисоб меравад. Агар мо аз ҷанбаи то ҳудуди таърихӣ назар кунем ва шароити имрӯзи ҳам минтақа ва байналмилалиро мадди назар қарор диҳем, бо Русия дорои манфиатҳои бисёри муштарак мебошем. Ҳатто дар хеле аз заминаҳо мо ва русҳо бо чолишҳо ва таҳдидоти муштарак рӯ ба рӯ ҳастем. Ифротгароии мазҳабӣ ва куллан ифротгароӣ дар ҳар қолабе, ки баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ чи дар либоси ҷомеаи маданӣ ва демократӣ буруз карда, чи дар либоси гуруҳҳои ифротгарои мазҳабӣ ва террористӣ ҳам барои мо ва ҳам барои Русия муштараканд. Русия аз назари тамаддунӣ ва таърихӣ ба унвони тамаддуни масеҳии провослав ва таҷрибаи зиндагии беш аз як қарн ва ҳудуди ду қарн бо бархе аз ақвоми Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, дар қиёс бо хеле аз тамаддунҳои дигар таҳдидҳои камтаре барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон дорад. Бинобар ин бо таваҷҷуҳ ба маҷмӯъае аз омилҳои таърихӣ ва тамаддунӣ Русия барои мо то ҳудуди зиёдӣ муттаҳид аст. Аз назари шароит ва воқеъиятҳои имрӯзӣ Русия кишварест, ки беш аз 1 миллион нафар муҳоҷири кории Тоҷикистонро пазируфтааст. Ин кишвар бо ин иқдоми худ барои ҳифзи суботи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон кумакҳои бисёр бузугеро анҷом додааст. Русия аз назари масоили таъмини амнияти Тоҷикистон ва ҳимоят аз артиши Тоҷикистон яке аз муҳимтарин кишварҳо барои Душанбе ба шумор меравад”.

МО БЕШ АЗ ҲАР КИШВАРИ ДИГАР ДАР ФАЗОИ ШӮРАВИИ СОБИҚ БАРОИ РУСИЯ ИМТИЁЗ ДОДЕМ

Озодагон: Шумо ба шабоҳати мушорикати таърихӣ ва тамаддунии Русия бо Тоҷикистон ишора кардед. Биёед ба воқеъиятҳои имрӯзи ин мушорикат нигоҳ кунем ва мисол бизанем. Фарзан, муносибате, ки бо муҳоҷирини тоҷик сурат мегирад бо муносибат бо муҳоҷирони кишварҳои дигар мушахасан бо Қирғизистон фарқ дорад. Илова бар ин Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки гуфта мешавад ҳеч пуле барои ҳузураш пардохт намекунад. Ба ин тартиб, метавон гуфтан, ки Русия дар мушорикати роҳбурдӣ бо Тоҷикистон бештар ба дунболи манофеи худ ҳаст, на Тоҷикистон?

(ВИДЕО) Қосим Бекмуҳаммад: Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии шумораи аввал ба ҳисоб меравадҚосим БЕКУМУҲАММАД: “Ба сурати табиӣ Русия дар Осиёи Марказӣ ба дунболи ҳифзи манофеи геополитикии худ мебошад ва намехоҳад, ки ҳеч як аз ин кишварҳо аз зери чатри амниятӣ ва сиёсии Русия хориҷ бишавад. Иттиҳодияҳо ва созмонҳое, ки Русия барои ҳамгироӣ эҷод мекунад бо ин ҳадаф дунбол мешаванд. Нуктае, ки шумо дар робита ба шеваи муносибат дар баробари муҳоҷирон Тоҷикистон дар Русия ва гоҳе истиёз додан ба муҳоҷирини кишварҳои дигари минтақа, ки шояд нисфи шароити моро барои Русия фароҳам накардаанд дар ҳақиқат вуҷуд дорад ва далоили худашро дорад. Дар кулл баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ фосила миёни ҷумҳуриҳои собиқи он кишвар бо Русия рӯ ба афзоиш аст. Имрӯз фосилаи миёни Русия бо кишварҳои ҳамсояи худаш бисёр бузург шудааст. Русия бо кишварҳои Қафқоз, ва Гурҷистон комилан мушкил дорад. Бо Озарбойҷон ҳам сиёсатҳои каҷдорумарез дунбол мешавад. Арманистон ба далели шароите, ки дорад бо Русия шароити наздик дорад, вале гаҳ гоҳе ҳатто дар сатҳи сиёсӣ баёнияҳое пахш мешаванд, ки нишон медиҳанд, арманҳо ҳам аз Русия нигарониҳое доранд ва аз сиёсатҳояш розӣ нестанд. Дар Осиёи Марказӣ ҳам мо шоҳид ҳастем, ки Узбакистон як сиёсати мустақил ва то ҳудуди зиёде новобаста ба Маскавро дунбол мекунад. Туркманистон ҳам шароити мушобеҳро дорад. Қазоқистон бо вуҷуди ин ки як қисмати зиёди ҷамъияти ин кишвар рустабор ва русзабонанд, боз ҳам аз сиёсатҳои дарҳои боз пайравӣ мекунад. Бо ҳама кишварҳои муҳими дунё равобити наздик барқарор кардааст.

Мо беш аз ҳар кишвари дигар дар фазои Шӯравии собиқ барои Русия имтиёз додем. Мо танҳо кишваре будем, ки марзҳои худро дар ихтиёри русҳо қарор дода будем ва Русия бузургтарин пойгоҳи низомии худро дар кишвари мо дорад. Баҳсе ки шумо ишора кардед, мутаассифона, русҳо аз ноҳияи Тоҷикистон бархурдҳои мувоҷеҳ нашудаанд. Манзури ман фақат дар сатҳи раҳбарии сиёсии кишвар нест. Дигар ниҳодҳои вобаста ба ҳукумат, дар сатҳи ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ва дар сатҳи расонаҳои Тоҷикистон мо шароитеро фароҳам накардем, ки вақте дар як кишвари хориҷӣ, ҳатто дар кишвари шарики стратегӣ манфиатҳои мо мавриди чолиш қарор мегирад, мо аз абзорҳое, ки дар дохил фароҳам кардем, истифода ба амал биёварем то тарафҳои марбутаи худро таҳти фишор қарор бидиҳем ва ба Маскав ин пайёмро бидиҳем, ки фикр накунанд тасмим фақат дасти як марказ аст. Дар кишвари мо ниҳодҳо ва сохторҳои дигаре вуҷуд доранд, ки инҳо низ дар барбари манфиатҳои миллӣ масъулият доранд. Инҳо дорои ҳарф ва нуқтаи назари худ ҳастанд ва мо бояд дар тасмимгириҳои сиёсати хориҷии худ манфиатҳои ин гуруҳҳоро мадди назар қарор бидиҳем.

Бубинед, имрӯз воқеъияти амр ин аст, ки мо дар сатҳи расмӣ хеле камтар вокунише дар баробари тасмимот ё баёнияҳои мақомоти Русия дорем. Вақте Жириновский суханони тавҳиномез, суханоне, ки дар шаъни як сиёсатмадор ва муовини раиси парлумони Русия намеарзанд, мезанад, Маскав мегӯяд, ин намоянадаи расмӣ нест. Баёнияи расмиро фақат Вазорати хориҷа ва раиси ҷумҳур метавонад матраҳ кунад. Вале, шумо тасаввур кунед, ки муоввини аввал ё муовини раиси парлумони Тоҷикистон як мавзеъгирии зиддирусӣ анҷом бидиҳад ва ҳарфҳое бизанад, ки дар шаъни мардуми рус набошад, ҳатман мо вокунишҳоеро шоҳид хоҳем буд. Бинобар ин яке аз заминаҳое, ки мешавад ин шароитро каме рӯ ба тағйир ниҳод фақат фароҳам кардани имконот дар дохили Тоҷикистон барои имтиёзгирӣ дар чунин шароите мебошад. Аз ноҳияи Русия мо аз надоштани ин шароит дар дохили кишвари худамон ҳамеша зиён дидаем”.

Озодагон: Яъне, Шумо ба ин бовар ҳастед, ки ин заъфи мо аст, ки чунин муносибат бо муҳоҷирини мо ба вуҷуд меояд?

Қосим БЕКМУҲАММАД: “Назаре, ки шумо додед бахше аз назари бандаро баён мекунад. Вале, ман ишора кардам, ки ин шароит бояд дар Тоҷикистон фарҳам шавад то ин ки манфиатҳо ва чолишҳо муштарак бояд масъалаҳое бошанд, болотар аз масоиле, ки гоҳе сиёсатмадорон ва коршиносони рус матраҳ мекунанд. Бале, ин бармегардад ба заъфҳое, ки дар дохили кишвари мо вуҷуд дорад. Бо вуҷуди он ки Қирғизистон дар баробари иқдомоти Русия дар сатҳи ниҳодҳои дохилӣ бисёр вокунишҳои тунд нишон медиҳад, боз ҳам ба эҳтимоли зиёд онҳо аз имтиёзҳои бештари Русия битавонанд истифода кунанд. Ҳамон гуна ки Маскав дар ду соли пеш имконот барои таҷҳизи артиши Қирғизистон эълом кард. Ҷудо аз ин ки то куҷо иҷро шуд ё нашуд дар қиёс ба Тоҷикистон ба маротиб бештар буд”.

Озодагон: Гуфтаниед, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ таҷрибаи вокуниш нишон додан ба амалкардҳои Русияро доранд?

Қосим БЕКМУҲАММАД: “Шароит фарқ мекунад. Масалан, таҷрибае, ки дар беш аз ду даҳаи истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ доштем, нишон медиҳад мақомоти рус дар баробари Тошканд ва Ишқобод бо эҳтиёт рафтор мекунанд. Ҳатто ҳамон сиёсатмадорони тундравашон низ мулоҳизоти ҳам Тошканд ва ҳам Ишқободро доранд. Қазоқистон ба далели шароите, ки дорад ва аслитарин муттаҳиди Русия дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, русҳо барои шахси Назарбоев ва Қазоқистон имтиёзоти зиёде қоиланд. Мо ва Қирғизистон аз назари шароит ба ҳам монанд ҳастем ва воқеъияти амр ин аст, ки ҳар кишваре ба мизони ҷойгоҳ, тавони иқтисодӣ ва сиёсиаш дар муодилоти байналмилалӣ ҷойгоҳ дорад. Ҳамчунин омил захоири табии ва тавонмандиҳои дигар ҳам бояд барои як кишвари мустақил вуҷуд дошта бошад. Бубинед, Қазоқистон, Узбакистон ва ҳам Туркманистон кишварҳои дорои захоири саршори табиӣ ҳастанд ва дар муодилоти худ натанҳо Русия, балки дигар бозигарони арсаи байналмилалӣ ин омилро ба сурати ҷиддӣ ба назар мегиранд. Мо аз захоири табиие бархурдор ҳастем, баҳрабардорӣ аз он ба замони бештаре ниёз дорад. Мо дорои беш аз 60 дарсади захоири табии Осиёи Марказӣ ҳастем. Унсури об дар муодилоти байналмилалӣ аз ҷумла минтақаӣ дар солҳои оянда муҳим хоҳад буд. Агар мо имрӯз битавонем худамонро ба марзи худкифоии энержӣ бирасонем ва битавонем зарфиятҳои лозими энержиро дошта бошем, ман умедворам дар солҳои оянда бо таваҷҷуҳ ба аҳамитяи омили об дар Осиёи Марказӣ мо низ дар радифи кишварҳо тарафи муҳимми таомулоти байналмилалӣ хоҳем буд”.



ИХТИЛОФЕ, КИ БАЙНИ МО ВА УЗБАКИСТОН ВУҶУД ДОРАД, АСОСИ МАРДУМӢ НАДОРАД

Озодагон: Биёем бар сари кишвари ҳамсоя. Дар ин авохир аз нарм шудани муносибати Тоҷикистону Узбакистон гузоришҳо шуданд. Ҳатто гуфта шуд, хатти парвоз миёни ин ду кишвар барқарор мешавад. Аз назари Шумо то кадом андоза ин амр як амри воқеъӣ аст?

Қосим БЕКМУҲАММАД: “Тоҷикисону Узбакистон ду кишваре ҳастанд, ки миёни ин кишварҳо марзе вуҷуд надошт. Инҳо худашонро мутаалиқ ба як сарзамин ва як тамаддун, яъне тамаддуни исломӣ медонистанд. Бинобар ин фосилае, ки байни ин кишварҳо эҷод шудааст, фосилаи ғайритабиист. Ихтилофе, ки байни мо ва Узбакистон вуҷуд дорад, ихтилофе нест, ки мабно ва асоси мардумӣ дошта бошад. Мардум миёни худ ҳеч мушкиле надоранд ва аз он ки марзҳо ба рӯяшон баста ҳастанд, хушҳол нестанд. Кишварҳои аврупоӣ пас аз даҳаҳое, ки ба рӯи ҳам марз кашида буданд, онҳоро боз карданд. Мо дақиқан рафтори баръакс нишон додем ва фикр мекунам то ҳадд зиёде ҳам табиӣ аст, чун ин кишварҳо маззаи истиқлолро баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ мечашанд ва ҳанӯз замон мебарад то ба марҳилае бирасанд, ки ҳамгироии воқеъиро дар Осиёи Марказӣ дарк бикунанд. Баҳсе, ки миёни мову Узбакистон вуҷуд дорад ба он бармегардад, ки то куҷо ҳамгироии мо ба нафъи нухбагони ҳоким аст ва то куҷо бозигарони муҳими хориҷӣ алоқаманд ба вуҷуд надоштани чолиши ҳам мову Узбакистон ва ҳам дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ман фикр мекунам, ки вуҷуди маҳдудиятҳо дар равобити Душанбе ва Тошканд ғайритабиист ва ин ки тайи моҳҳои ахир суҳбат аз ҷорӣ шудани парвоз ва тасҳилоту сода кардани шароит меравад, ин пайёми мусбат аст. Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон тайи ду даҳаи гузашта ҳадди аксари талошро барои эътимодсозӣ бо Узбакистон анҷом дод. Ҳадди ақал ба ин далел, ки мо медонем як кишвар маҳсур дар хушкӣ ҳастем. Муҳимтарин масирҳои мо чи ҷода ва чи роҳи оҳан аз тариқи Узбакистон убур мекард. Бо вазъияте, ки дар Афғонистон вуҷуд дорад ва дурнамои мубҳаму норӯшани ин кишвар барои оянда низ Узбакистон масири муҳими мо барои хуруҷ ба ҷаҳони берун боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин мо алоқаманди барқарории равобити ҳасана бо Узбакистон мебошем ва ҳамон гуна, ки ишора кардам мушкил бояд миёни нухбагони ҳокими ду кишвар ҳал шавад. Миллатҳо мушкил надоранд”.

Озодагон: Андешаи дигари матраҳ ин аст, ки Русия хостори вуҷуди мушкил миёни мову Узбакистон аст...

Қосим БЕКМУҲАММАД: “Русия дар ҳақиқат ҳадди ақал тайи як даҳаи гузашта аз назари ман равишҳои баъзан носаҳеҳро дунбол кардааст. Ин кишвар дар баъзе аз марҳилаҳо кӯшиш мекард, ки аз ихтилоф ва беэътимодии миёни бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ имтиёз бигирад, ки ин як равиши тактикӣ буд. Ихтилоф миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сурати дарозмуддат ва ба сурати стратегӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи Русия наметавонад бошад. Зеро ҳар гуна ихтилоф дар Осиёи Марказӣ боиси боз шудани масир барои ҳузури тарафҳои муҳими дигари хориҷӣ ва кишварҳое мешавад, ки рақиби геополитикии Русия ба шумор меоянд. Вале ин равишҳо вуҷуд доштанд. Мо баёнияҳои Медведев ва муовини вақти нахуствазири Русия Ивановро дар робита ба баҳси истифода аз захоири оби Осиёи Марказӣ ва масъалаи сохти неругоҳҳо дар кишварҳои минтақа шоҳид будем, ки ба гунае аз мавзеи Тошканд ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ карда буд. Дар ҳоле ки ин кишварҳо, хосатан Узбакистон бо ҳузури пойгоҳи низомӣ, ки тамрингоҳи муштараки Русияву Қирғизистон дар чаҳорчӯби мубориза бо терроризм қарор буд дар ҷануби Қирғизистон эҷод шавад раиси ҷумҳури Узбакистон шадидан мухолифат кард ва ин тарҳи муштараки Бишкеку Маскав ба ҷойе нарасид. Бо вуҷуди ин шароит Русия ба дунболи имтиёз додан ба яке ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи он барои бештар наздик шудан ба худаш буд. Фикр мекунам шароити имрӯз бо таваҷҷуҳ ба таҳавулоти Украина ва шиддат гирифтани вазъияти байналмилалӣ, буҳронҳое, ки ба суроғи кишварҳои ИДМ хосатан Русия, шароите, ки Ховари Миёна дорад, таҳдидоте ки аз назари амниятӣ барои фазои собиқ Шӯравӣ вуҷуд дорад Русия сиёсати имтиёз додан ба яке ва гирифтани он аз якеро дунбол нахоҳад кард зеро ин сиёсат сиёсати бо сароҳат иштибоҳ аст”.

Озодагон: Шумо дар ҳоле ба нарм шудани муносиботи Тоҷикистону Узбакистон ишора мекунед, ки ин кишварҳо соли 1993 зери қарордоди дӯстиву ҳамкорӣ ва соли 2000 ҳатто зери қарордоди “Дӯстии абадӣ” имзо мегузоранд. Вале, мо пас аз ин солҳо шоҳид будем, ки муносибати хубе ба миён наомад. Яъне, ин мисол ҳокӣ аз он нест, ки муносибати ин ду кишвар норӯшан боқӣ бимонад?

Қосим БЕКМУҲАММАД: “Ман бар ин боварам, ки шароити байналмилалӣ бахусус таҳаррукоте, ки мо дар Сурия ва Ироқ шоҳид ҳастем, ҳузур ёфтани гуруҳҳои мухталифи ифротӣ ва террористӣ дар Покистону Афғонистон ва интиқоли онҳо ба марзҳои Осиёи Марказӣ ва вуҷуди гуруҳҳои ифротӣ як саре аз риштаашон ба манофеи калони геополитикии қудратҳо ва бозигарони фаъоли арсаи байналмилалӣ мечаспад. Вале, кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз бо ин таҳдидот ба ҳар шакле рӯбарӯ ҳастанд. Ин кишварҳо аз назари вазъи дохилӣ ба истиснои Қирғизистон шароити мушобеҳ доранд. Яъне, мехоҳам бигӯям манофеи муштараки нухбагони ҳокими кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр зиёд аст то ин ки дар баробари таҳдид ин манофеи муштараки худро нодида бигиранд ва барои наздикӣ ба ҳам тамоюл надошта бошанд. Бинобар ин яке аз ангезаҳое, ки боиси то ҳадде нармиши Тошканд дар баробари равобиташ бо Душанбе шудааст, фикр мекунам, ки ба масъалаи ҳам ояндаи норӯшани Осиёи Марказӣ дар баробари таҳдидоти гуруҳҳои ифротии мазҳабӣ ва террористӣ аст. Мушкилоти дигар буҳрони Украина ва коҳиш ёфтани ҳазинаҳои арзиши муҳоҷирони корӣ дар Русия аст, ки эҳтимоли бозгашти бахше аз онҳоро фароҳам мекунад. Ин омил муҷиби кам шудани интиқоли кумакҳои молӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Узбакистон ва Тоҷикистон хоҳад шуд. Масоили дигаре низ вуҷуд доранд, ки метавонанд дар бознигарии таомул ва равобит миёни нухбагони ҳокими Тошканд ва Душанбе таъсиргузор бошанд. Фикр мекунам, ҳадди ақал омилҳои берунӣ як таҳарруке барои талош дар ҷиҳати наздикии Тошканду Душанбе эҷод кардааст”.

ЧИН ВОМҲОИ ХУДРО БАРИ РИЗОИ ХУДО НАМЕДИҲАД

Озодагон: Инҷо Чин аст, ки солҳои охир бо сармоягузории ҳангуфти худ ба иқтисоди Тоҷикистон як муносибати хубро роҳ андохтааст. Ин нигаронии бархе аз соҳибназаронро ба миён овардааст. Ба ин маънӣ, ки ҳамкорӣ кардан бо ин кишвар метавонад пайомади нохуберо дар пай дошта бошад. Яъне, Тоҷикистон дар дарозмуддат ба як бидеҳкори ин кишвар боқӣ бимонад...

Қосим Бекмуҳаммад: “Чин яке аз кишварҳои муҳим натанҳо барои Осиёи Марказӣ балки барои равобити иқтисодӣ ва тиҷории хеле аз кишварҳои муҳими дунё аст. Ҳузури рӯ ба рушди Чин дар Осиёи Марказӣ як воқеъияти ғайри қобили инкор аст, ки имрӯз Русия инро пазируфтааст. Чин бар хилофи бозигарони дигари арсаи байналмилалӣ дар шеваи муомилаи худ шеваи ҳамкорӣ ва муносиботи худ бо кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна пешшартҳои сиёсӣ матраҳ намекунад. Дар умури дохилии ин кишварҳо ба ҳар шакле дахолат намекунад. Масалан, мо мебинем кишварҳои ғарбӣ ё Русия дар бархе аз кишварҳо дорои лоббиҳо ва созмонҳои ғайридавлатии вобаста ба худ ҳастанд. Ин масъала дар робита ба Амрико ва кишварҳои Аврупоӣ ба маротиб бештар ба назар мерасад. Вуҷуди ин лоббиҳо ва созмонҳои ғайридавлативу дигар ниҳодҳои вобаста ба хориҷ ҳамеша мӯҷиби нигарониҳои ҳукуматҳост. Вале, ҳадди ақал то ҳоли ҳозир Русия ин корро дар мавриди кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон накардааст. Бозӣ накардан бо унсурҳои дохилии кишварҳо барги баранда ё имтиёзи хоси Чин аст, ки боиси эҷоди эътимоди нухбагони ҳоким ба ин кишвар мешавад. Аз сӯи дигар мо ниёз ба тавсеа дорем ва имрӯз Чин аст, ки барои иҷрои тарҳои муҳими иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Чин дар арсаҳои стратегии тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо ҳузур дорад. Агар мо бихоҳем аз Чин сарфи назар кунем бо кумаки молии чӣ кишваре мехоҳем ин тарҳҳоро ба субут бирасонем. Бинобар ин имрӯз омили Чин як омили муҳим дар муносиботи иқтисоди хориҷӣ на танҳо барои мо, балки барои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мебошад. Бахши дуввуми суоли шумо, ки оё қарзҳои бузургу ҳангуфте, ки мо аз Чин дарёфт мекунем дар оянда барои мо дарди сар нахоҳанд шуд, ин нигаронӣ вуҷуд дорад.

Мо дар мисоли бархе аз кишварҳо медонем, ки Чин вомҳои худро бари ризои Худо намедиҳад. Панири маҷонӣ метавонад фақат дар доми муш вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин фикри ин ки ин вомҳоро аз чӣ тариқ бармегардонем дар воқеъ баҳсест, ки рӯи ин бояд нухбагони ҳоким фикр бикунанд. Ба назари ман ин тарафи масъала бояд шаффоф бошад, то ҷомеа аз оянда тасаввури рӯшан дошта бошад, то ин ки ҳадсу гумонҳое ба миён наоянд. Мо медонем, ки бархе аз коршиносони кишварҳои рақиби Чин матраҳ мекунанд, ки кишвари аз назари тавони молӣ ва иқтисодии мисли Тоҷикистон дар оянда барои бозгардондани садҳо миллион доллари Чин зарфият нахоҳад дошт ва дар баробари ин маҷбур аст ба ин кишвар имтиёзоте бидиҳад. Масалан, маъданҳо, канданиҳои фоиданок ва амсоли ин. Вале, мо дар дохил ба ин шубҳаҳо ҳамон гуна, ки ман ишора кардам ниҳодҳои дохилӣ чи ҳукуматӣ ва чи ҷомеаи маданӣ бояд фаъол бошанд ва нагзорем, ки бозиеро, ки бояд худи мо анҷом бидиҳем, ба ҷойи мо хориҷиҳо анҷом бидиҳанд. Як иттифоқе дар Тоҷикистон меуфтад расонаҳои мо барои арзёбии таҳавулоти дохилии Тоҷикистон ба коршиносони хориҷӣ муроҷиа мекунанд. Ин заъфи мост, ки натавонистем дохили кишварамон ниҳодҳоеро поя гузорем, ки онҳо қабл аз ҳама манбаи руҷӯи расонаҳо ва дигар марказҳои таҳлилӣ барои арзёбии таҳавулоти дохилии мо бошанд. Бинобар ин дар баҳси ояндаи вомҳои Чин ҳам бояд ниҳодҳои марбута ба сароҳат ва рӯшанӣ посух бигӯянд то рӯи ин чи омилҳои хориҷӣ ва чи баъзе унсурҳои дохилӣ натавонанд имкони манёвр карданро пайдо намоянд”.

ШАРҲИ ҲОЛ
(ВИДЕО) Қосим Бекмуҳаммад: Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии шумораи аввал ба ҳисоб меравадҚосим Бекмуҳаммад. Таҳлилгар ва коршиноси масоили минтақавӣ. Мутаваллиди соли 1961. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1983 аз бо ихтисоси журналист-филолог хатм намудааст. Фаъолиятро ба ҳайси мухбири нашрия "Вахш" шурӯъ карда, баъдан дар телевизиони Қӯрғонтеппа ҳам ифои вазифа кардааст. Солҳои 1985-1987 тарҷумони мушовирони ташкилоти комсомолии Шӯравӣ дар созмони ҷавонони Ҷумҳури Демократии Афғонистон буд. Баъд аз ин, 6 сол дар симати муҳарририи варзидаи телевизиони Қӯрғонтеппа кор кардааст. Аз соли 1995 то 2006 ба ҳайси мушовир ва тарҷумони сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қирғизистон ба кор мепардозад. Солҳои 2006-2007 ба унвони хабарнигори нашрияи "Миллат" ва соли 2009 таҳлилгари родиои Садои Хуросон дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна кор мекунад. Феълан раҳбари намояндагии хабаргузории «Форс» дар Тоҷикистон мебошад.

Мӯҳр
Ташаккур, мусохибаи хуб ва чидди. Бо камоли чиддият ва таваччух мутолиа шуд. Дарки умумии сиёсати хоричии кишвар, ахаммияти самтхои сиёсати дархои боз ва муодилаи манфиатхои бозигарон дар фазои геополитикии атрофи минтака бисёр хуб ва рушан ифода ёфтааст.
Албатта, агар дар як ё ду масъалаи он ба таври амиктар ва мушаххастар мерафтед, боз хам муфидтар мешуд, зеро дар ин сатхи умумитар ва ин микдораш барои доирахои коршиносон рушан аст. Инчунин, агар хамин мазмуну тезису фахмишхои хубатон аз сабки журналисти ва публитсисти ба сабки тахассуси гузаронида шавад, яъне сохтору забону баёни он, он гох барои истифодаи чиддии кори ва хидмати муносиб ва бисёр арзишманд мегардад. Бе ин хам бисёр хуб ва ташаккур аз шумо фарзанди точик
Барои такмили андешахо дар ин соха чун бародар тавсия менамудам:
1.Абдунаби Сатторзода. Актуальные проблемы внешней политики Республики Таджикистан (Политика "открытых дверей" в действии), Душанбе, 2014, 500 сахифа.
2.Саймумин Ятимов. Идеология ва манфиатхои милли, Чумхурият, 26-уми апрели 2014
3.Зафар Сайидзода, Внешняя политика Республики Таджикистан в эпоху независимости, 2 чилд, беш аз 1000 сах., Душанбе, 2013
4.Абдуллохи Рахнамо. Афгонистон ва Осиёи Маркази: хусусиятхо ва дурнамои таъсирпазири, Душанбе, 2014, 400 сах.
5.Мачаллаи "Сиёсати хоричи", аз Шумораи №1 то имруз, мурочиа шавад ба сомонаи ВКХ ЧТ, бахши Китобхона. (Албатта на хамаи шуморахо чиддиянд, вале боз хам маколахои алохидаи чидди хастанд)
6.Сомонаи расмии ВКХ ЧТ, бахши Китобхона, он чо илова бар китобхои расмии хронологию колаби, 4-5 китоби хуби тахлили ва бисёр чолиб мавчуд аст. Як нигох кунед.
Баъди ошнои бо ин ва дигар осор, фикрхои арзишманди Шумо суфтатар ва чиддитар мешавад. Дар умум, ташаккур ва муваффакият

Хамин гапои бефоида чи даркор.маслихат буд.ки о то се сол точикон бо як патент мегарданд Акнун 26000р патент хар мох чор хазори месупори Ман нафахмидам ин одам як бор Руссия биёхоли точика бин дигар хаёте дори графики стратеги намегуи

Мухтарам Қосим Бекмуҳаммад! Холон ки шумо Русияро шарики стратеги меномед ва мегуед, ки манфиатхои мо яканд, пас чаро сиёсати ин "шарики стратеги" нисбати точикон номардона мебошад? Мисолхо бисёранд. Чанде аз он: Сохтани ГЭС-и Рогун (Русия тархро чонибдори накард ва чониби мухолифро тарафдори кард), куштори мардуми мо дар Руссия ва гайра. Ман ба суханхои шумо рози нестам

Мусоҳибаи муфид буд. Ташаккур ба "Озодагон".

Гапи аз хад бисёри хавои чи лозим? Точикистон барои Руссия хеч гох шарик (стратегиашро як тараф монем) набуд нест ва намешавад. Точикистон барои Руссия як бозичаест ки вобаста аз коньюктураи сиёси уро истифода мебарад.

мухочир
Тахлилгар,
ОЗОДАГОН чиба саволаш надоди ки хар руз барои чи Точикхоро чураи стродегиатон мекушад шумо хап хастед.

Tojik
Baloi urus az mughul badtar ast, chunki mughul mekuwtu inho madaniyatu zabonu nomusamonto kuwtand. kujo oru nomusu kujo strategiyavu stratejiya? Warm dored!!!Тахлилгар,

Сараввал арзи сипос ба кулли кормандони озодагон. Ман рочеъ ба гуфтахои Қосим Бекмуҳаммад гуфтанияь каме аз геополитика ва ё ба истилох геосиёсат ба хуби ошно нестанд, зеро раванди чахонишави такозои хмоя аз манофеи милли ва нигохи нави давлатдори дар бозихои пуштирпардагиро мекунад. Хуб мешуд муаллифи мухтарам аз китоби шодравон Сухроб шарипов оид ба масоили сиёсати хоричи, ки соли 2011 аз чоп баромад ошно мешуд. Дигар масъала, ки мехохам аз он харф занам ин вобаста ба сиёсатти дархои боз аст, хамин аст, ки дар доираи сиёсати дархои боз кишвари моро эхтирому эхтироф мекунанд, зеро ин модели омухташуда ва мувафаке буд, ки моро хамчун кишвари дорои хувияти милли ва дорандаи модели хуби давлатдори муарифи намудааст. Аммо рочеъ ба накши маркази тадкикоти(МТС) ва фаъолияти он каме гуфтани дорам, сараавал МТС накш ва макоми худро дар хукумат ва умуман дар чомеъа аз даст додааст, зеро ин марказ бояд ба тахлил ва ояндабинии кишвар мусоидат намояд на ба манфияти касе ё хочае! илова бар ин дар маркази номбурда мутахассисоне вучуд надорад, ки аз олами сиёсат ва проблемахои глобалии кишвар хабардор бошад, дар холе, ки вазифаи чонияш ин тахлил ояндабини ва баррасии масоили гуногуни кишвар аст. Аз С Сафаров ёдовари намоем аз у каихо буи сиёсат ба буи санъат табдил ёфтааст, ки алхол аз у бехтарин санъаткор ва ё хачвнир мебарояд на сиёсатшинос на тахлилгари масоили дигар. МТС, ки замоне мардумро тарики васоити умум ором, фахмондадихи ва ба рохи дуруст хидоят мекард кайхо рисолати худро аз даст додааст.Хамин аст, ки имруз чавонони мо ба гурухе ва ё ба хочае хидмад мекунанд зеро аз бозихои геополити хабардор нестанд пас аз ки гила намоем? Аз Хукумат аз амният ва ё аз кумитаи дин не гила дар он аст, ки ниходхои тахлили бояд рисолати худро анчом диханд на дунболи манфияти шахси бошанд.манзур маркази исломи, МТС ва дигар ниходхое, ки халк аз онхо интизори пешгуихо тахлилхои анику дакиканд. Нихоят гап сари МТС нест сари кормандони дур аз тахлилу ояндабини шино намудани онхо дар бахри бозихои сиёсии олам аст. хохиш мекунам чоп намоед. ОЗОДАГОН ОЗОД БОШ,

Ончи ҚБ мегӯяд, назари расмии ҳукумати Тоҷикистон аст, ҳоло ки ҚБ дар ин ҳукумат кор намекунад. Дар асл воқеияти муносибати Русия бо Тоҷикистон комилан дигар аст. Русия ҳеҷ гоҳ аз сиёсати мустамликадориаш даст накашидааст ва дар оянда низ даст намекашад ва бо тамоми макру ҳилаву таҳдиду шантаж сатру сарҳадоти худро васеъ мекунад. Роҳбарияти Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба Русия авлавият дода барои наслҳои ояндаи тоҷикон хиёнати бузург карда истодааст, зеро русҳо дӯстиро дар ғуломсифатӣ ва тобеият пеши худ, мепазиранд. Далели аён кишвари Украина аст. Онҳо, ки қариб як миллатанд, яке бо дигар душмани ҷонӣ шуданд. Чаро? Зеро Русия ҳамаи ҷамоҳири собиқ Шӯравиро ҳануз ҳам моли бобоии худ медонад. Замоне Тоҷикистон аз Русия дурӣ ҷӯяд, сарнавишти Украина домангираш хоҳад шуд. Барои дарк кардани ин воқният шарт нест, ки таҳлилгари сиёсӣ бошӣ. Ба назар мерасад, Қосими Б. дигар он журналисти шуҷои мустақил нест, балки ба як корманди тобеи ҳукумат мубаддал шудааст. Кӯшиш кун, боло хоҳӣ рафт Қосимҷон....Бадтарин хислати журналист дидаву дониста сиёҳро сафед гуфтан аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)